Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
сар, дарди нимсар, инчунин саръро, ки ҳама аз сардӣ бошанд, дафъ менамояд, майнаи хунукро қувват ме- бахшад.
- Наск
Ин растанӣ ду навъ аст: саҳрой ва бӯстонӣ, ки зи- роат мекунандаш. Тухми саҳроии он назар ба бӯстони- аш майдатар ва гирдак мешавад, вале тухми бӯстонӣ- зироатии он кулӯла не, балки паҳнтари гирдак ва ка- лонтар аз саҳрояш мебошад, саҳроняш талх аст.
Мизоҷаш дар гармиву сардӣ моил ба эътидол ва дар дараҷаи дуввум хушк аст. Ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин хусусияти поккунан- дагӣ дорад, боднок, дерҳазм, хуни савдовӣ ва худи савдоро дар бадан пайдо мекунад; фишори баланди хунро паст мегардонад ва хунро ғафс менамояд, инчу- нин ҳаракати хунро дар рагҳои бориктарин манъ ме- кунад, боиси дидани хобҳои бад ва мушаваш, инчу- нин сабаби торикии чашм мегардад.
Наскро бо юнучқаи зардак якҷо кӯфта гузошта банданд ва бо оби биҳӣ ё бо равғани гулисурх сириш- та гузошта банданд, назла ва варамҳои гарми чашмро дафъ мекунад. Инро бо сирко пухта гузошта банданд, барои варамҳои гарм, шаро (аллергия), сурхбод ва ханозер (ҳукгардан) даво мешавад; ва агар танҳо бо об пухта гузошта банданд, назлаҳоро манъ мекунад. Агар сӯхтаи онро бимоланд, сустӣ ва гаронии пилҳои чашмро шифо мебахшад, дандонҳоро сафед мегардо- над.
Наскро дар об ҷӯшонида, бо он об ғарғара кунанд ё он обро дар даҳан гардонанд, пухтани даҳан ва дар- ди гулӯро шифо мебахшад ва агар ба ин об оби шох- тут илова намоянд, зудтар асар мекунад.
Хӯрдани наск барои бемориҳои узвҳои даруни си- на, шуш, сурфа ва дарди узвҳои даруни сина даво ме- гардад.
Сӣ адад наски муқашшарро фурӯ баранд, вайроч шудани феъли меъдаро ислоҳ мекунад.
Наскро бо сирко муҳарро пухта бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, боднок намекунад, вале бе сирко пухта бихӯранд, бодангез аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор