Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

боҳи одамони сардмизоҷ ва тармизоҷро зиёда мегардонад.

1,75 грамм хушки онро биёшоманд, балғамро бо оҳистагӣ бо исҳол дафъ мекунад.

Кӯфтаи онро бо равғани зайтун сиришта, пеш аз гирифтани таб бар тамоми бадан бимоланд, табро нест менамояд.

Чун пеш аз муҷомаат равғани оқирқирҳоро ба закар бимоланд, онро мустаҳкам мегардонад ва шаҳватро бармеангезад, инчунин дар ин амал лаззат мебахшад, вале маниро зуд фуруд меоварад, агар ҳаминаш мурод бошад.

Оқирқирҳоро маҳин кӯфта, бо об ва орди боқило хамир карда, онро ба даруни ҳалтачаи матои молида, закар ва хояҳоро дар он ҷо карда, як рӯзи комил ҳамон тавр бигузоранд ва ҳамон тавр бидоранд, дар одамони сардмизоҷ боҳро афзун мегардонад ва барои касоне, ки дар хояҳои худ мавҷуд будани сардиро ҳис мекарда бошанд, давои аҷиб мешавад.

Оқирқирҳоро бо навшодир маҳин ос карда, ба коми даҳан бимоланд, онро аз сӯхтани оташ манъ мекунад, инро ҳамин тавр бозингарон истеъмол мекунанд.

Чун оқирқирҳоро дар хамир бипазанд, то он, ки монандӣ хамир гардад, баъд онро ба дандони кирмхӯрда бигузоранд, кирмашро мерезонад.

Вале ба дарун истеъмол кардани оқирқирҳо ба шуш зарар дорад — давои ин зиёнаш катиро хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз оқирқирҳо дар як рӯз то 3,5 грамм аст.

Аз оқирқирҳо равған ҳам тартиб медиҳанд ба ин тариқ. 25 грамм решаи хушки онро кӯфта, дар 300 грамм об то 25 грамми он об мондан биҷӯшонанд. Баъд хуб молида, аз матои бофташ зич гузаронида соф карда, бо 50 грамм равғани зайтун бо оташи мулоим то тамоми бухор шуда рафтани об биҷӯшонанд,— аз ҷӯш, ки монд — ин аломати тамом гаштани об аст. Ин равғани оқирқирҳо ҳисоб меёбад. Дар шиша нигоҳ доранд ва вақти ҳоҷат ба кор баранд.

Агар инро бимоланд ва биёшоманд, ҳамаи бемориҳои аз сардӣ содиргаштаро, аз ҷумла карахтӣ, каҷ шудани рӯй, фолич ва ғайраро шифо мебахшад, табҳои хунукро дафъ мекунад, боҳро қавӣ мегардонад; дарди

пешина
аз 702
навбатӣ