Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Наскро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир сохта гузошта банданд, варами пистонро мегардонад ва шири дар он шахшударо таҳлил медиҳад; агар онро бо асал хамир карда гузошта банданд, захмҳои чуқур ва фурӯрафтаро шифо мебахшад.

Хоми онро ҳангоми дар пӯсташ будан бо чанд дона мурч кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва дарди онҳоро низ сокин мекунад.

Агар онро бо пӯсташ пухта бихӯранд, ҳамаи навъҳои нағзакро (гулакро) шифо мебахшад, хусусан бо сирко ё бо оби ғӯраи ангур пухта бошанд, дар ин бобат кавитар мегардад. Аз он оши суюқ пухта, турш карда, бо равғани бодоми ширин барои одамони аз беморӣ навхеста ҳамчун ғизои сабук дода мешавад ва инчунин пеш таб мегирифта бошад, дигар намегардад.

Наскро кӯфта, бо сафедаи тухми мурғ хамир сохта гузошта банданд, доначаҳои мӯрчагазак, сурхбод ва кафидагии пойро шифо мебахшад; чун бо сирко пухта гузошта банданд, аз таъсири сармо кафидани пӯст, ханозер ва варамҳои сахтро сиҳат мебахшад; инро бо равғани гулисурх сиришта бибанданд, варамҳои меъдаро таҳлил медиҳад; бо орди тафсонида даромехта гузошта банданд, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад.

Наскро бо тухми харбуза якҷо кӯфта гузошта банданд, башараро аз ҳар гуна доғҳо пок месозад ва зардии рухсораро дафъ мекунад.

Хӯрдани наск ба одамони савдовимизоҷ, меъда ва чашми заиф, гирифтори иллатҳои кулинҷ, бавосир ва душвор пешобкунанда зарар дорад. Агар наскро бисёр ва бардавом бихӯранд, дар бадан хуни савдовӣ пайдо мекунад, хунро месӯзонад, чашмро хира мегардонад, ба иллати молихулиё гирифтор мекунад, мумкин аст иллатҳои саратон ва махавро ба амал оварад ва инчунин варамҳои сахтро ба ҳам мерасонад; агар хӯроки наскиро бо шириниҳо бихӯранд, ба иллатҳои истиско, кулинҷ, бавосир ва душвор шошидан гирифтор мекунад, ҳатто пешобро мебандад, ҳайзро қатъ менамояд, баданро қоқ месозад, боҳро ҳам сокин мекунад, инчунин боиси дидани хобҳои мушаваш мегардад, чашмро торик мегардонад. Давои ҳамаи ин зиёнҳояш наскро муҳарро пухта, бо равғани кунҷиди тоза

пешина
аз 702
навбатӣ