Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мекунад, оруғи балғамиро дафъ месозад; дарди дандон ва дарди суринро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунук бошанд, таскин медиҳад; дарди ҳичак ва бачадонро дафъ мекунад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, инчунин бар зидди заҳрҳо таръёқ мебошад.
Кокутиро бо оби анҷири тар биҳӯранд, дамкӯтаҳӣ ва сурфаро шифо мебахшад; агар бо анҷири хушк биҳӯранд, арақ меоварад ва ранги рӯйро неку ва сара мегардонад.
Давоҳои исҳоловарро бо обе, ки дар он кокутӣ ҷӯшонида шуда бошад, биҳӯранд, дар меъда ҳазм наёфтан ва ногувор шудани таом, бадбӯ гаштани ғизо дар меъда ва турш шудани онро дар ин узв ба ибро меоварад; беҳузур (беҷо) шудани дил, дарди дил, инчунин кулинҷҳои бодӣ, балғамӣ ва дурдиро дафъ мекунад, дарди рӯдаҳоро сиҳат мебахшад, ҳамаи навъҳои кирми меъда ва рӯдаҳоро (ҳатто кирми кадудонаро ҳам) хориҷ менамояд. Инчунин кокутиро бо асал бардавом биҳӯранд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Кокутиро пеш аз давоҳои исҳоловар биҳӯранд, ахлотро барои дафъ гаштан муҳайё месозад; агар инро бо оби карафс биҳӯранд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислоҳ мекунад; агар инро бо майи пухтагӣ биҳӯранд, заҳрҳои шавкарон, ки гиёҳи заҳрнок аст ва афюнро аз бадан дафъ менамояд; бо сиканчибин биҳӯранд, зарари бачаро дар шиками модар ислоҳ мекунад; бо турб биҳӯранд, дарди суринро шифо мебахшад ва гаронии баданро, ки сабабаш зиёд гаштани рутубат бошад, дафъ месозад; бо равғани зайтун биҳӯранд, ҳамаи навъҳои дарди рӯдаҳоро сиҳат мебахшад.
Сиркоеро, ки дар он як шаб кокутии тар карда шуда бошад ё сиркоасалро (сиканчибинро), ки аз кокутӣ, асал ва сирко тайёр карда шуда бошад, биёшоманд, агар бемор сурфа надошта бошад, барои иллатҳои сипурз даво мешавад.
Кокутиро бо панири нав биҳӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад.
Кокутиро хуб кӯфта, бо асал хамир сохта, лесида биҳӯранд, варами забонҷаи ҳалқ, варами шуш аз гармӣ, сурфаи тар, зарари газидани каждум ва дигар ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад.
Кокутиро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад ва чашмро қавӣ мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор