Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Қокутии хушкро кӯфта, бо ҳамвазни он шакар даромехта, каф зада бихӯранд, ба майна баромадани бухороти заранокро қатъ мекунад, инчунин чашмро қувват мебахшад.
Агар инро бо таомҳои душворҳазм монандӣ: ҳарисаи (кисели) гандум, боқило, наск, каллапоча ва гӯшти гӯсола бихӯранд, ҳазми онҳоро сабук ва осон мегардонад ва ба зудӣ аз меъда фуруд меоварад, инчунин бодҳои онҳоро таҳлил медиҳад.
Қокутиро бо ҳамаи навъҳои гиёҳҳое, ки ба чашм зарар мекарда бошанд, хоҳ гарммизоҷ ва хоҳ сардмизоҷ бошанд, бихӯранд, зарари онҳоро ислоҳ мекунад. Ва агар инро бо сирко бихӯранд, беҳтарин нонхӯрише мегардад.
10,5 грамм қокутии хушкро кӯфта, бо асал бихӯранд, газидагии каждум ва дигар ҷонварони захнокро шифо мебахшад.
Қокутӣ ва зираро кӯфта, як шаб дар сирко тар намуда, баъд он сиркоро дар даҳан гардонанд, дарди дандон ва дарди гулӯро шифо мебахшад.
Оби қокутии тарро ба чашм кашанд, гули чашм ва шабкӯриро дафъ мекунад. Ин обро бо равғани савсани кӯҳӣ даромехта дар бинӣ бирезанд, моддаҳои бегонаи бисёри тармизоҷро аз майна дафъ мекунад. Агар ин оби қокутиро нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад ва бо шир даромехта бичаконанд, дардашро таскин медиҳад.
Қокутиро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варамҳои сахт, иркуннасо (радикулит) ва дарди суринро шифо мебахшад; инро бо равғани зайтун ва зира сиришта гузошта банданд, нофи беруномадаро ислоҳ мекунанд ва боди даруни ин узвро таҳлил медиҳад; инро бо орди гандуми тафсон хамир сохта гузошта банданд, варамҳои балғамӣ, яъне омосҳои мулоими сардро таҳлил медиҳад; агар бо гандуми кӯфта сиришта гузошта банданд, дарди суринро дафъ мекунад.
Қокутиро пухта дар ҳаммом гузошта банданд, кӯтур, хориш, зардпарвин ва бодҳоро дафъ мекунад.
Агар қокутиро дуд кунанд ё онро паҳн намоянд, ҷонварони зарарнок аз он ҷо мегурезанд.
Як миқдор шохҳои қокутӣ, ҳамин миқдор челонро — дар чор баробари ҳар ду об то чорьяки об мондан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор