Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бимоланд, донаи бавосирро меафтонад ва дар ин амал назир надорад.
Агар сабирро соида батанҳои ӯ бо асал даромехта бимоланд, ҷасади мурдаро аз вайрон шудан ва бадбӯ гаштан нигоҳ медорад.
Сабирро соида, бо сирко даромехта, бо ин таркиб сарро бишӯянд, сабӯсаки сар ва ширинчаро дафъ мекунад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Сабирро сӯхта, дудашро бо воситаи найча ва ӯ бо ҳиф батакрор бикашанд, дамкӯтахиро дафъ мекунад.
Бо соидан сабир ҳуқна кунанд, барои бавосир фоида дорад.
Сабирро хушк карда, кӯфта бипошанд, захмҳоро хушк карда сиҳат менамояд; барои захмҳои закар ва фарҷи занон ва узвҳои дигари асабонӣ даво мешавад; агар бо кӯфтаи устухони пӯсида баробарвазн даромехта бипошанд, решҳои хӯранда, бавосир, решҳои хабисаро нест мекунад.
Барги онро аз миёнаш чок карда, ба он кӯфтаи зардчӯба ва афюни маҳинсондаро пошида, ба варами каши рон, ки хаёрак меноманд, гарм карда банданд, онро таҳлил медиҳад.
- Кокутӣ
Ин гиёҳи кӯҳии маълум аст, ки райҳони кӯҳӣ мебошад. Барги баъзеаш дарозак, баъзеи дигараш гирдак аст. Ин гиёҳ навъҳои бӯстонӣ, даштӣ ва кӯҳӣ дорад. Агар ранги баргҳояш сабзи сиёҳтоб бошад, онро кокутии тоҷикӣ (форсӣ) меноманд. Таъми ин тунд ва хушбӯ аст. Гули ҳамаи навъҳои он кабуд аст. Беҳтарини ҳамааш аргаш майдаи дарозаки он аст. Дарозбарги он беҳтар аз гирдакбарги он аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Вале мизоҷи кокутии кӯҳӣ дар гармӣ ва хушкӣ зиёда аз саҳроӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, балғамро пароканда ва бодҳоро таҳлил медиҳад, инчунин балғамро хушк мекунад; ғизоҳои бадҳазмро сабук мегардонад, боҳро меафзояд, ба хӯрок иштиҳо меоварад; шуш, меъда, ҷигар ва рӯдаҳоро аз балғам ва рутубатҳои зарарнок пок менамояд; баромадани бухорҳоро ба майна маънӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор