Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Самари татумро аз гарди рӯяш пок карда, баъд дар об тар намоянд, он обро дар чашм чаконанд, дарди чашмро, ки дар вақти ибтидо бошад, шифо мебахшад.

25 грамм тухми сиро дар 300 грамм об биҷӯшонанд ба ҳадде, ки қувваташ ба об гузарад. Баъд латтаро дар он тар карда ба чашм гузоранд ва бо он гармбандӣ кунанд, кӯтури хӯранда ва шилпуқи чашмро шифо мебахшад. Ва агар батакрор он латтаро ба пешонӣ гармбандӣ кунанд, хуни биниро қатъ мекунад ва агар ба чашм гармбандӣ кунанд, кӯтур, обравӣ, шилпуқӣ ва хориши чашмро шифо мебахшад ва намегузорад, ки дар чашм обила барояд. Ва агар ҳамон обро дар гӯш чаконанд, рими равонро аз он манъ месозад ва намегузорад, ки дар даруни он обила барояд.

Самари татумро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, намегузорад, ки ҷойҳои лат-хӯрда ва зарбарасида варам кунанд.

Тухми татумро махин кӯфта, бо об сиришта гузошта банданд, варами косаи сар ва дигар варамҳоро таҳлил медиҳад, инчунин варами лат ва зарбахӯрдаро мегардонад, решҳои давандаро шифо мебахшад; агар инро бо асал хамир карда гузошта банданд, дағалии пилқҳони чашмро нест мегардонад, ва бо ангишти чӯби балут даромехта гузошта банданд, барои бавосир даво мебошад.

Татумро бо барг, шохҳо ва чӯбаш дар об биҷӯшонанд, то монандӣ асал қивом гардад, баъд гузошта банданд ва ё бимоланд, барои бемориҳои пилки чашм дору мебошад; варами чашм ва дигар узвҳоро таҳлил медиҳад, мӯрчагазакро дафъ мекунад; решҳои тар ва решҳои рутубаташон асалмонанд, вайрон шудани милки дандон, доғҳои кунҷидак, милкаки нохун ва хунравиҳои дигарро шифо мебахшад.

Баргашро пухта ба сар гузошта банданд, мӯйро сиёҳ мекунад.

Баргашро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хукна кунанд, захми рӯдаҳо, исҳоли хунин ва харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.

Барги онро муҳарро пухта, баъд оби онро фишурда гирифта, ғафс гардонанду ба чашм бимоланд, моддаҳои ба чашм резандаро ба ақиб мегардонад. Он оби ғафсгаштаро дар оби барги зуф ҳал карда бимоланд, захмҳои хабисаро дафъ мекунад. Агар инро ба

пешина
аз 702
навбатӣ