Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
самараш турш аст. Ҳамаи қисмҳои дарахти он дар тиб истифода мешавад. Ин ду навъ аст: саҳроӣ ва кӯҳӣ.
Мизоҷи саҳроии он дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст, вале кӯҳии он дар саввум хушк аст. Сардӣ дар баргаш назар ба тухми он камтар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: самари онро бихӯранд, қабзият меоварад дар ҳама ҷойҳои бадан, моддаҳои ба узв рехташавандаро рад мекунад, меъда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, ба меъда ва рӯдаҳо рехта шудани сафроро манъ менамояд, иллати кайкунӣ ва беҳузур (беҷо) шудани дилро ба ибро меоварад; рафтани дарун ва исҳоли сафровиро, ки кӯҳна шуда бошад, мебандад; хун кай кардан ва хунравиҳои дигарро манъ месозад, бисёр пешоб карданро ба меъёр меандозад.
Самари инро кӯфта, бо оби хунук биёшоманд, ҳам аз боло ва ҳам аз поён рафтани хунро қатъ мекунад.
Нимкӯфтаи инро бо зира ва оби сард бинӯшанд, кайӣ сахтро манъ мекунад ва ба касе, ки ҳамеша кай мекарда бошад ва таом дар меъдаи ӯ намонад, шифо мебахшад, дар одамони гарммизоҷ иштиҳоро ба таом бармеангезад. Инро бо зарраи тухми мурғ ва кашнизи хушк бихӯранд, исҳоли хунинро манъ мекунад.
Нимкӯфтаи онро бо шароби турш биёшоманд, барои исҳол ва хунравии бачадон дору мебошад, пешобро бисёр кам мекунад.
Қуввати қабз кардан дар бирёнкардаи он зиёда аст, вале барои шикастани шиддати сафро заифтар мебошад.
Аммо татум барои меъда ва ҷигари сардмизоҷ зарар дорад. Дар ин маврид арпабодиён бихӯранд ё бо бодинҷон пухта бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз
17,5 грамм аст.
Агар гардеро, ки бар рӯи самараш мебошад, ҷудо намуда, каф зада бихӯранд, бисёр қабзкунандаи дарун аст ва бо андак таъми талхӣ мебошад, барои исҳоли кӯҳна ва барои қатъ гардонидани рафтани рутубатҳои сафеди бачадон дору мешавад. Агар инро ба дандон бимоланд, милки дандонро мустаҳкам мекунад, пӯсидани раддӣ ва бадбӯии даҳанро ба ибро меоварад, инчунин дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо