Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
сар, мӯҳраҳои пушт ва бехи закар гузошта банданд, барои беихтиёр равон шудани пешоб, сустӣ ва нотавон шудани узвҳо даво мешавад.
Баргашро кӯфта, ба меъдаи тифлон гузошта банданд, исҳолро нафъ дорад, узвҳои даруни шикамро қувват мебахшад.
Шилми дарахти он аз ҷиҳати мизоҷ башиддат хушк аст ва хислати гармӣ ва сардӣ — ҳар серо дорост.
Шилми онро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд ё онро бо оби даҳон тар карда, ба милки чашм бимоланд, чашмро тез мекунад ва бемориҳои пилкро шифо мебахшад: агар бипошанд, ҷароҳат ва захмҳоро хушк сохта ба ҳам мечаспонад ва бо ин восита сиҳат мебахшад. Агар онро дар ковокии дандон гузоранд, дарди дандони кирмхӯрдаро таскин медиҳад.
- Кунҷид
Ин тухми растании зироатӣ аст, ки аз ин равған мекашанд, онро ба рӯи нон мемоланд, аз он ҳалво мепазанд ва ғайра.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар бо рутубати часпак, вале дар дараҷаи дуввум гарм ва тар низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонадагӣ ва кушояндагии гиреҳҳо дорад. Агарчи ҳангоми хӯрдан ғизои кам аст, вале моддаҳои аз он ҳазмгашта дар ҷигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буданаш баданро фарбеҳ мекунад, овозро мулоим ва дуруштии ҳалқро нарм мегардонад, ахлоти сӯхтаро, яъне балғам, хун, сафро ва савдои сӯхтаро ба ислоҳ меоварад; рӯдаҳо ва мақъадро мулоим мекунад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.
Кунҷидро бо шароб бинӯшоманд, барои газзани
каждум ва мори афъӣ даво мебошад.
Як миқдор кунҷид, бо ҳамвазни он шакар ва кӯкнор, нисф вазни он мағзи бодоми ширини кӯфта, даҳяк миқдори он банги сафед (яъне кирмрезонаки гулаш сафед) — ҳамаро кӯфта, ҳар рӯз аз ин таркиби ҷамъомада 25 грамм тановул намоянд, барои фарбеҳ кардани бадан, қувват бахшидани боҳ давои бисёр хубест, чарбии гурдаро пайдо ва зиёд мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо