Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кӣ дар даври худ бо хосиятҳои хеш ба мавҷудоти ҷисмонӣ, ҳаёт, ҳодисоти қаҳри заминӣ ва ҳаво таъсири худро додаанд ва медиҳанд.
Ҳар як сайёра ба худ хос қуввати мизоҷбахш дорад. Қуввати Зуҳал сард ва хушки бисёр, қуввати Муштарӣ гарм ва тари мӯътадил, қуввати Миррих гарм ва хушки бисёр, қуввати Офтоб гарм ва хушки мӯътадил, қуввати Зӯҳра сард ва тари мӯътадил, қуввати Уторид иборат аз сардӣ ва хушкии бо ҳам омехта, вале хушкнаш зиёдтар аст; инчунин ӯ ба ҳар як сайёра, ки наздик шавад, мизоҷи онро ба худ қабул мекунад; қуввати Моҳ сард ва тар, тариаш мӯътадил аст.
Аркон, яъне чор унсурҳои заминӣ ҳар яке ду табиатро (мизоҷро) дорост монанди Офтоб ва ҳаммартабаҳои он, ки онҳо ҳам ду қувват доранд: яке қуввати фоила, ки қуввати таъсирбахшанда ва дигаре қуввати мунфаила, ки таъсирро ба худ қабулкунанда мебошад. Қуввати фоила (таъсиркунанда) ҳарорат (гармӣ) ва бурудат (сардӣ), вале қуввати мунфаила (таъсиргиранда) рутубат (тарӣ) ва юбусат (хушкӣ) аст.
Се сайёра тобеъ ва ҳамамали се сайёраи дигари болоӣ мебошанд: Зӯҳра ҳамамали Муштарӣ, Уторид ҳамамали Зуҳал, Моҳ ҳамамали Офтоб ҳастанд. Ва ҳар он чӣ дар назари ҷаҳониён намоён ва воқеъ мегарданд, аз таъсири ҳамон ҷирмҳои осмонӣ ба амал меоянд хоҳ дар қаҳри Замин, хоҳ дар рӯи Замин. Кӯҳҳо, соҳилҳо, уқёнусу баҳрҳо, хоҳ дар қабатҳои ҳаво бошанд, хоҳ хислати сабукӣ, вазнинӣ, риққат (суюқӣ), ғафсӣ, сахтӣ, софӣ, тирагӣ ва ғайра сохт, намуд ҳолат дошта бошанд, дар натиҷаи омезиши аркон (об, ҳаво, оташ, хок) сурат мегиранд.
Ҳамаи ҳодисот ва рӯйдодҳои мағз ва рӯи Замин ба ихтиёри инсон вобаста нестанд, балки аз ирсаи он берун мебошанд. Масалан, агар борон набораду хок за-бошад ва таъсири ҷирмҳои фалакӣ, аз ҷумла аса-нурҳои Офтоб небошад, ҳеҷ гиёҳе дар Замин намерӯяд; инчунин таъсири ҷирмҳои осмонӣ амал накунанд, пастию баландиҳо, чукурию тарқиш, баҳру бар ва ғайраҳо пайдо намегарданд. Истиқрори ҳамаи он ҷирмҳои кайҳонӣ аз қувватҳои ҷозиб-ул-марказ (кашиш ба марказ) ва торик-ул-марказ (аз марказ гурезиш) устувор мебошад, на аз сабабҳои дигар. Инчунин ҷонварони гуногун ва набототи рангбарангро бо ҳамчинси онҳо ҷуфтӣ дода, насли навашонро ҳосил гардонидани инсон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё