Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҳам бидуни таъсири ҷирмҳои фалакӣ ба зуҳур намепайванданд. Аз ҳамин боис калон ва хурд омадани ҳаҷм ва ҷуссаи насли ҷонварону самарҳои наботот низ холӣ аз ин гуна таъсирот нестанд. Аз ин амалиёти таъсири боло ва ҳодисоти заминӣ хулосаи мантиқӣ зоҳир мегардад, ки ин ва он намудҳои наботот ва ҷонварони дигар барои қувватҳои ҳафтгона, ки ҷозиба (кашиш), мосика (нигоҳдорандагӣ), ҳозима (ҳазмкунӣ), дофиа (дафъкунанда), ғазия (ғизогирӣ), номия (нашъунамоёбӣ) ва муваллида (ҷинси худро офаридан) мебошанд, аз саховати ҷирмҳои осмонӣ баҳра мегиранд.
Азбаски ин гуна қувватҳо дар ҷисмҳои беҷон бисёр заифанд ва ба қадри кофӣ ба назар намоён намегарданд, мо онҳоро ҳамчун қувваи мавҷуда намеписандем. Вале дар наботот он ҳафт қувват мавҷуданд ва ба шуури мо мерасанд, ки инро қувваи наботия меноманд. Ғизои наботот аз қисмҳои обӣ ва хокӣ иборат буда, онро аз замин бо воситаи об ва ҳаво азхуд мегардонанд. Инашро ҳам бигӯем, ки чор дараҷаи ҳазми ғизо дар наботот бисёр заиф аст, бинобар ҳамин ба онҳо аз ин ҷиҳат кам эътибор дода мешавад, вале онҳо низ дорои ин чор марҳалаи ҳазм мебошанд. Инро як андоза тафсилот диҳем, ки ғуддаҳо (гиреҳҳо) дар тана ва решаи дарахтон пайдо шуда зиёдатиҳои (нодаркориҳои) ҳазми якум ва дуввуми ҷисми онҳо мебошанд; шилм ва ширҳои баъзе растаниҳои ширдор, кафек, ки дар бехи баргҳо ва баргҳои баъзе наботот ба ҳам мерасанд — ин чизҳои зиёдатиест, ки аз ҳазми дараҷаи саввуми онҳо ба амал меоянд, чунонки дар бадани ҳайвонот пешоб, саргин ва арақ чизҳои зиёдатӣ мебошанд, зоҳир мегарданд. Ин ҳодиса, яъне ба амал омадани чизҳои зиёдатӣ дар наботот монанди моддаҳои зиёдатии бадани инсон аст, ки вақте аз ҳад зиёда гаштани хун бо воситаи хунбинӣ, хун кай кардан, дар пешоб хун омадан, босир, ҳайз, ҳамра (карбункул), варамҳо, доначаҳои дар пӯст дамида, пучакҳо, кӯтур ва ғайраҳо; хуни мурдор, сафро, савдо, балғам ҳангоми ҳодис гаштани бемориҳои ба ин моддаҳо хос моддаҳои зиёдатӣ, яъне моддаҳои нодаркор дафъ мегарданд. Дар ҳамаи ин рӯйдодҳо дахли ҷисмҳои осмонӣ иштирок дорад. Сахтӣ, сабукӣ, ковокӣ, риққат (нармӣ), ғафсӣ, вазнинӣ ва ҳамчунин хусусиятҳои қисмҳои Замин аз таъсири сайёра ва ситораҳо берун нестанд, хоҳ он чизҳои соҳиби ҳаёт дар об бошанд, хоҳ берун аз об дар хок ва ё дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё