Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

МУҚАДДИМА

Мо инро аз рӯи мазмун ба фаслҳо тақсим намуда, баён месозем.

ФАСЛИ ЯКУМ.

ДАР БАЁНИ БАЪЗЕ ҲОЛАТҲО ДОИР БА СИТОРА ВА САЙЁРАҲО ВА ТАБИИЕТ

Тамоми мавҷудоти сегонаи Замин, ки иборат аз ҷа-мод (ҷисмҳои беҷон), набот (растагӣ) ва ҳайвон ҳастанд — ҳама аз унсурҳои чоргона, ки оташ, ҳаво, об ва хок мебошанд, бо ҳам таркиб ёфта ва омехта гаштаанд. (Ин унсурҳои чоргонаро аркон ҳам меноманд). Ин ҳама ҳастӣ аз таъсири ситораҳо ва сайёраҳои ҳафтгона: 1. Зуҳал (Сатурн); 2. Муштарӣ (Юпитер); 3. Мир-рих (Марс); 4. Шамс (Офтоб); 5. Зуҳра (Венера); 6. Уторид (Меркурий); 7. Қамар (Моҳ) бо мадади ситорагони собит пайдо шудаанд, инкишоф меёбанд ва ин-кироз мегиранд. Ҳар яки ин ҷирмҳои фалакӣ ба ҳамдигар назорат, яъне муносибатҳои хоси табиӣ доранд. (Ин рӯйхат аз рӯи ҷойгиршавии онҳо нисбат ба Офтоб набуда, балки мавқеъҳои онҳо аз ҷиҳати таъсирнокӣ ба Замин мебошад).

Барои равшан гардонидани моҳияти мавзӯамон каме тавзеҳ медиҳем.

«Даври Қамар — аз замони Одам то ин замон — ҳама даври Қамар аст. Даври ҳар як кавкаби сайёра сози сол мебошад. Даври Қамар даври охир аз ҳафт ситорагон. Одам алайҳуссалом ва пайдо шудаанд. Аз «Бурҳон» гӯянд: чун аз «Оина...

пешина
аз 702
навбатӣ