Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин беҳрешан гиёҳест, ки ба решаи сабзи саҳрой мемонад, вале аз он майлатар ва баргҳояш борики дароз аст. Ин дар сарзамини Ҳиндустон бисёр аст.
Навъҳои кӯҳӣ ва даштӣ низ дорад. Дар бозорҳои шаҳрҳои Осиёи Миёна ёфт мешавад.

Мизоҷи тару тозааш дар дараҷаи саввум гарм ва дар якум хушк аст. Мизоҷи хушкаш дар дараҷаи дуввум хушк ва бо рутубати зиёдатӣ мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ин қуввати ҳофизаро афзун мегардонад, инчунин қувватҳои узвҳои хозимаро, ки меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, зиёд месозад; гиреҳи ҷигарро мекушояд, боҳро мустаҳкам мекунад; бодҳои ғализи меъда ва рӯдаҳоро таҳлил медиҳад; балғам ва рутубати ғафси ба сатҳи даруни меъда часпидаро тит ва пароканда мекунад; зардпарвин ва чакмезакро, ки аз сардӣ ва сустии олатҳои пешоб ҳодис шуда бошанд, шифо мебахшад; инчунин исҳолеро, ки аз вайрон шудани ғизо ба амал омада бошад, манъ менамояд; заҳрҳои ҳайвониро аз бадан дафъ мекунад; агар ташнагӣ аз зиёд гаштани балғам ба зуҳур пайваста бошад, таскин медиҳад. Бо набот ва шилми кундур бихӯранд, зарари, яъне газанди аз хӯрдани меваҳои тар баамаломадаро дафъ месозад, рутубати зиёдатии меъдаро ба эътидол меоварад. Инро бо зардаи тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, маниро зиёда мегардонад ва ғафсии маниро ислоҳ мекунад.

Занҷабили хушкро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба чашм афтодаро, ки торикии басорат меоварад, инчунин сурхӣ ва гули чашмро дафъ мекунад.

Занҷабилро дар даҳон нигоҳ доранд, ташнагиро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар меъда ба амал омада бошад, таскин медиҳад.

Агар инро кӯфта гузошта банданд, узвҳоро қавӣ мегардонад, кузоз (столбняк)-ро сиҳат мекунад, бавосири бодиро шифо мебахшад; дард ва варамро, ки сабаби инҳо сардӣ ва афзудани балғам бошанд, дафъ мекунад, варами вабой ва бодиИ хояҳо, инчунин варамҳои дигар узвҳоро шифо мебахшад. Агар ба ин баробари ду миқдораш ҳазориспандро ҳамроҳ намоянд, таъсираш қавитар мегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ