Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Вале хӯрдани занҷабил ба ҳалқ зарар дорад — дар ин ҳолат асал ва равғани бодоми ширин бихӯранд, ки ислоҳи зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз занҷабил дар як рӯз то 7 грамм аст.
- Сагпистон
Ин самари дарахтест ду навъ мебошад: яке калон ба андозаи олу ва дар дарунаш тухми зичи луобнок дорад, тухмаш аз гӯшти самараш ҷудо мебошад; навъи дуввумаш аз он майдатар аст, тухмҳояш ба гӯшти мевааш часпидагӣ, вале луоби ин камтар аст, аммо ширинтар аз навъи калон-калони он. Самарҳои ҳар ду навъ ҳам дар хӯша мебошанд. Дар вақти пухта расидан зард ва баъд аз хушк шудан сиёҳранг мегарданд. Беҳтаринаш расида ва навъи сергӯшти он аст. Дарахташ дар бузургӣ то ба ду қомати одам ва зиёда аз он ҳам мехезад. Ранги танаи он сафед, шоҳҳояш сабз, баргаш гирдак ва андак шаҳшӯл аст.
Мизоҷаш дар гарму сардӣ мӯътадил, вале дар дараҷаи якум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: самари онро дар даҳан нигоҳ дошта, обашро фурӯ баранд ё як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд ва ё дар об ҷӯшонида, он обро биёшоманд, узвҳои даруни сина ва ҳалкро мулоим мекунад, инчунин варамҳои ин узвҳоро таҳлил медиҳад; дағалии овозро ислоҳ медиҳад, сурфаи гарми хушкро шифо мебахшад ва гирифтагии овозро мекушояд; шиддат ва тезии баланди сафро ва ташнагиро сокин мекунад; сӯзиши пешобро, ки сабабаш тезии сафро бошад, ба ибро меоварад, кирмҳои меъдаро ихроҷ мекунад, исҳоли одамони гарммизоҷро мебандад, моддаҳои савдо ва балғами шӯрро дафъ менамояд; хислати давоҳои исҳоловар, табҳои гарми сафровӣ ва хуниро, яъне табҳоеро, ки аз зиёд гаштан ва ҷӯшидани моддаҳои сафро ва хун ҳодис шуда бошанд — ҳамаашро ба ибро меоварад. Агар аз нӯшидани шароби тез ё аз давоҳои тезтаъм рӯдаҳо харошида шуда бошанд, шифо мебахшад.
Ғизо аз хӯрдани сагпистон кам ҳосил мешавад, дар узвҳои бадан рутубатҳои балғамӣ пайдо мекунад ва он чӣ дар рӯдаҳо бошанд, лағжонида фуруд меоварад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо