Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба ибро меоварад ва агар дар мақсад бардоранд, дарди онро таскин медиҳад.
Вале агар онро аз ҳад зиёд бихӯранд, ба гурда зарар дорад, иштиҳоро ба таом суст мекунад, мумкин аст дилро беҳузур (беҷо) созад, зарараш бинобар пайдо шудани туршӣ аз рехта гаштани моддаи савдо ба меъда аст; инчунин меъдаро қавӣ мегардонад аз сабаби он, ки дар заъфарон гармӣ, қуввати дибоғаткунандагӣ ва қабзиятвор мавҷуд аст; дарди сар меоварад. Агар бо шароб бихӯранд, мастӣ меоварад. Вале бардавом бихӯранд, ҳисҳои одамиро тира мегардонад, инчунин ба асабҳо ҳам зиён мекунад. Дар ин маврид арпабодиён бихӯранд ё сиканҷабин биёшоманд, зарараш ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз заъфарон дар як рӯз то 7 грамм аст; вале мегӯянд, ки 10,5 грамми он кушанда мебошад бо воситаи беҳад хурсанд ва хушҳол кардан.
Як тори заъфаронро дар сӯрохи закар гузоранд, пешоби бандшударо равон мекунад.
7 грамми онро бо шароб хамир карда, монандӣ чормағз кулӯла сохта, онро сӯрох карда, бо ресмон ба шиками зани ҳомила биёвезанд, душвор зоидандро осон мекунад ва ҳамроҳаки (ёраки) тифлро зуд фуруд меоварад.
Аз заъфарон равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. 225 грамми заъфаронро дар 1050 грамм равғани кунҷиди нав ё равғани зайтун панҷ рӯз андохта монанд ва ҳар рӯз барҳам зананд, яъне бикованд ё биҷунбонанд, баъд соф карда нигоҳ доранд, ки ин равғани заъфарон ҳисоб меёбад.
Хислатҳои шифобахши ин равған: агар инро бимоланд, асабро мулоим мекунад, сахтии бачадонро, ки дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, ба ҳоли сиҳат мегардонад, хоб меоварад. Агар инро дар сӯрохи бинӣ бимоланд ва дар бинӣ бирезанд, зот-ул-ҷанбро, ки варами пардаҳои даруни сина аст, шифо мебахшад.
Молидани ин равған решҳои бачадон, решҳои хабиса (злокачественные язвы) ва бадфиоли дигар узвҳоро пок мегардонад.
Агар ин равғанро бо муми занбӯри асал ва мағзи устухон даромехта, занҳо аз таг бардоранд, реши бачадонро шифо медиҳад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо