Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

дуру дарозро пайдо мекунад. Дар ин маврид асал ё мураббои занҷабил бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.

Шафтолуи кордӣ гаронтар ва дерҳазм, хислати қабзиятнокӣ дорад, боднок аст ва иллати кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс мебошад, ба амал меоварад, хусусан хоми он дар ин бобат бадтар аст.

Шафтолуи талҳро бардавом бихӯранд, хеле дер ҳазм мешавад, қабзият меоварад, вале агар ҳазм ёбад, ғизояташ бисёр ва намегузорад, ки моддаҳои зарарнок ба меъда рехта шаванд. 50 грамм оби барги онро бинӯшанд ва гулашро бо шакар бардавом бихӯранд, ҳамаи кирмҳои меъдаро ҳатто кирми кадудонаро мекушад. Агар ин обро бар ноф бимоланд, кирми шикамро дафъ мекунад.

Гулашро кӯфта, бо оби карами тоҷикӣ хамир сохта гузошта банданд, озахҳоро хушк карда мерезонад.

Табиб Ибни Ризвон муайян намудааст, ки ним грамм гули онро занҳои ҳомила бихӯранд, бачаи санобарро аз шикам меафтонад.

Равғани мағзи шафтолуро нимгарм бичаконанд, дарди гӯш ва кариро дафъ менамояд, гиреҳҳои пардаҳои гӯшро мекушояд; агар бихӯранд, дарди бавосирро басанда мегардонад.

Мағзашро бихоянд, дандони кундшударо ислоҳ мекунад. 3,5 грамм устухони, яъне пӯчоки донаки онро маҳин ос карда бихӯранд, исҳолро мебандад.

Чун донаки онро дар оташ сӯхта, баъд мағзи онро ҷудо карда кӯфта, ба донача ва кӯтур, ки бар бадани кӯдакон пайдо шаванд, инчунин ба пушти гӯши онҳо бармеоянд, бимоланд, зуд шифо мебахшад.

  1. Ҳандалак

Ин аз ҷинси харбуза аст, вале майдаи пешпазак, пухтагиаш зард, кабӯд, сафед ва ғайра мебошад. Намудаш гирдаки шалғамшакли рахдор аст. Таъмаш ширин аст, хушбӯй. Инро ба забони форсӣ дастанбӯя меноманд.

Хислатҳои шифобахши он: бӯидани он ба майна қувват мебахшад ва гиреҳи онро мекушояд.

Хом ё пухтагиашро бихӯранд, пешобро меронад, хусусан хоми онро чанд рӯз пай дар пай бихӯранд, сангҳои гурда ва ҳиҷакро (пешобдон)-ро майда карда

пешина
аз 702
навбатӣ