Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мерезонад. Агар дар вақти гӯштро пухтан дар дег андозанд, гӯштро муҳарро месозад. Дар ин бобат таъсираш аз пӯсти харбуза зиёдтар аст.
- Сафедор
Асли ин калима сафеддор, яъне сафеддарахт буд, ки ин дарахти маълум аст ва дар ҷоҳои салқин хубтар ва бисёртар нашъунамо меёбад. Чӯби он дар иморатҳо истифода мешавад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: оби баргашро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи барги сафедор меноманд. Усораи инро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, торикии чашмро дафъ мекунад. Оби барги онро нимгарм дар гӯш чаконанд, варами даруни гӯшро таҳлил медиҳад.
Чӯби решаи тари онро дар вақти сӯхтан аз як сари берун аз оташ будааш об бармеояд, ҳамин обро дар гӯш чаконанд, қарии гӯшро, ки дар натиҷаи бемории дуру дароз ҳодис шуда бошад, ба ибро меоварад.
Барги тару тозаашро бихоянд, дандонро қувват мебахшад, инчунин милки дандонро ҳам мустаҳкам месозад; агар бихӯранд, исҳолро мебандад. Агар инро пухта бихӯранд, дарунро мулоим мегардонад.
Барги тари инро кӯфта гузошта банданд, ҷароҳати навро ба ҳам мечаспонад, устухони шикастаро ба ҳамдигар мечаспонад; агар инро бо сирко хамир карда бибанданд, кӯтури тарро шифо мебахшад.
Пӯсти решааш назар ба қисмҳои дигараш қавитар мебошад. Агар 4,5 граммашро кӯфта, бо шароб ё бо об бихӯранд, балғамро аз бадан бо оҳистагӣ дафъ месозад. Ва агар кӯфтаи инро бо сирко хамир карда бимоланд, ранги песро дигар мегардонад.
Рутубати самарашро бимоланд, пӯсти башараро пок мегардонад. Ва агар инро бихӯранд, таби диқ (лоғаркунанда) ва сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад. Инро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, низ таъсири рутубаташро мекунад.
Вале истеъмоли ин ба дарун хунро месӯзонад, дар бадан моддаи савдо пайдо менамояд. Дар ин ҳолат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо