Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бо сирко сиришта бимоланд, шифобахши захмҳо мебошад ва ҷӯшишҳои гарммизоҷро дармон мешавад.

Ба ҳамаи ин илова кунем, ки агар ҷигар хушк ва сахти кӯчак шуда бошад, хӯшаи бедро дар об ҷӯшонида, он обро бардавом бинӯшанд, ҷигарро ба ҳоли аслӣ ва сиҳаташ меоварад.

Миқдори як бор хӯрдан аз равғани гули бед дар як рӯз то 25 грамм аст. Агар равғани гули бед ёфт нашавад, ба ҷои ин равғани гулисурхро истифода кунанд, раво мебошад ё баробари ним вазни он равғани бунафшаро биёшоманд, низ ҷоиз аст.

  1. Шафтолу

Ин самари маълум аст, ду навъ мебошад: 1. Пӯсташ нозук, рангоранг, сафед, сурх, сабз, пашмакдор, ки пӯст ва дарунаш аз гӯшташ ба осонӣ ҷудо мегардад — инро шафтолуи ширин меноманд. 2. Агар пӯсташ ба гӯшти он ва гӯшташ ба донаки он часпида бошад, онро шафтолуи кордӣ мехонанд, беҳтарини он ширин, бузург, шодоб ва нарм, ки гӯё оби сахтгашта бошад — дар ин талхӣ ва тунҷӣ махсус нагашта, беҷирм ва хушбӯ мебошад. Ҳамаи дигар қисмҳои дарахти ин талх аст: гул, барг, шилм ва тухми он.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: самари пухтагии шафтолуро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад; туғёни бухорҳои гарм, хушк ва ташнагиро таскин медиҳад, фишори баланди хун ва ғалабаи моддаи сафроро паст мегардонад, майнаи гармро хунук месозад; мизоҷи бадан аз сӯхтани савдо хушк шуда бошад, тар мегардонад; табҳоеро, ки аз зиёд гаштани фақат сафро бошад, инчунин таберо, ки аз ҷӯшиши хун содир шудааст, шифо мебахшад; бадбӯии даҳанро дафъ мекунад, ба одамони гарммизоҷ қуввати боҳ мебахшад, иштиҳоро мекушояд. Чун оби шафтолуи пухтагиро гирифта, шаб бигузоранд, то дурдааш таҳшин гардаду обаш соф шавад. Пагоҳӣ ба дили наҳор 150 грамм аз оби софаш бо шакар ё бо шакари янтоқ биёшоманд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ мекунад, инчунин ахлоти сӯхтаро ҳам аз бадан хориҷ мегардонад.

Меваи шафтолу ба одамони тармизоҷ ва асабҳо зарар дорад, дар меъда зуд бадбӯ мегардад, табҳои

пешина
аз 702
навбатӣ