Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Аз гули бед низ равған тартиб медиҳанд ба ин тариқ. Гули бедро ҳар қадар, ки хоҳанд, мегиранд. Дар зарфе шиша то нима равғани кунҷид ё равғани зайтун андохта, он равғанро аз гули бед пур намуда, дар офтоб мегузоранд. Баъд аз як ҳафта ранг ва қуввати гул ба равған мегузарад, сонӣ гулро фишурда дур мекунанду аз гули нав пур менамоянд. Ҳамин тариқ то шаш мартаба гулро иваз намуда, охиронро низ фишурда партофта, равғанро соф мегардонанд — ин равғани гули бед аст.

Мизоҷи равғани гули бед сард ва хушк аст. Инро бихӯранд, решҳои тарро хушк мекунад, дарди сарро шифо мебахшад, намегузорад, ки бухорҳои гарммизоҷ аз поёни бадан ба майна бароянд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, инчунин моддаҳои гарм ва сарди нодаркорро аз бадан дафъ менамояд.

Агар инро бимоланд, дарди сарро таскин медиҳад, майнаро қувват мебахшад, бехобиро дафъ мекунад, варамҳои гуногуни майна ва пардаҳои онро таҳлил медиҳад. Ин равғанро бо сирко ва гулоб даромехта бибӯянд, дарди сарро таскин медиҳад, намегузорад, ки бухорҳо ба мағзи сар бароянд. Агар инро дар гӯш чаконанд, дарди гӯш ва дарди сарро таскин медиҳад, хушкии майнаро ислоҳ менамояд. Ва агар дар даҳан бигардонанд, дарди дандонро сокин мекунад ва ҷӯшиши даҳанро, ки аз оҳак хӯрдан ба амал омада бошад, дафъ месозад.

Ин равғанро бихӯранд, ҳамаи моддаҳои часпакро аз бадан меравонад, исҳоли сафровиро манъ месозад, тафси меъдаро басанда мегардонад, харошида шудан ва захми рӯдаҳо, инчунин дарди рӯдаҳоро басанда мекунад; аъзои баданро қувват мебахшад, дардҳои дохилиро таскин медиҳад, исҳолро мебандад.

Агар ин равғанро батакрор бимоланд ва бо он ҳукна кунанд, захми рӯдаҳоро ба ибро меоварад.

Онро ба шикам бимоланд, исҳоли сафровиро бозмедорад, моддаҳои часпакро бо исҳол дафъ мекунад.

Агар инро ба решаҳои чуқур ва фурӯрафта бимоланд, гӯшт мерӯёнад, рутубатҳои захм ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, моддаҳои бадфиолро аз он ҷои бадан дафъ месозад, инчунин аз обилаҳо наҷот медиҳад. Инро бо сафедаи тухми мурғ сиришта бимоланд, сӯхтагии оташ ва варами чашмро ба ибро меоварад;

пешина
аз 702
навбатӣ