Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

баргашро бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки аз гармӣ бошад, дафъ мекунад, таби нағзак, табҳои гарм ва таби дик (логаркунанда)-ро дафъ мекунад.
Шилми он, ки аз баргаш берун медамад, мисли шакар ширин мебошад, равшанкунанда ва қувватбахши чашм аст.

Хокистари чӯби бедро бипошанд ё гузошта банданд, рафтани хунро манъ мекунад; агар инро бо сирка хамир карда, гузошта банданд, озахро хушк карда меафтонад, доначаҳо ва обилаҳои бар бадан дамидаро дур месозад, варами пистон ва варамҳои дигари узвҳои беруниро таҳлил медиҳад, шаро (аллергия), обила ва варамҳои гармро дафъ мекунад. Инчунин оби барги онро бардавом бинӯшоманд ё гузошта банданд, барои бемориҳои номбаршуда дармон мешавад.

Истеъмоли барғаш ба дарун моддаҳои нодаркор ва зарарноки ба узвҳо фуроянда ва рехташавандаро рад мекунад ва намегузорад, ки бифуроянд, инчунин ҳамон тавр манъ мекунад.

Вале ошомидани маҳсулоти бед фақат ба тиҳигоҳ (холияки паҳлу) зарар дорад. Дар ин ҳолат ё гулоб, ё шакар биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.

Миқдори як бор нӯшидан аз оби барг ва гули бед дар як рӯз аз 28 то 70 грамм аст, ки бояд бо шакар биёшоманд. Ба ҷои ин ревоҷ (чукрӣ) бихӯранд, раво мебошад.

Ҳосил кардани оби барги бед чунин аст. Барги тару тозаи онро хуб кӯфта, фишурда, обашро меситонанд ва як шаб мегузоранд ва баъд мувофиқи миқдор менӯшанд. Нӯшидани ин барои дафъ кардани моддаҳои балғамӣ, сафроӣ, хунӣ, инчунин барои кушодани гиреҳҳои бадан, қавӣ гардонидани меъда ва узвҳои нафас нафъ дорад ва ин беҳтар ва қавитар аз оби коснӣ мебошад.

Гирифтани араки гул ва барги бед чунин аст. Барг ё гулҳои бедро ҷамъ намуда, покиза шуста, дар анбик бо оташи мулоим арак кашанд. Оби сархонаи анбик, ки камтар гарм гардад, он обро нав кунанд.

Мизоҷи ин арак дар дараҷаи дуввум сард ва дари якум хушк аст. Инро бинӯшанд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, дилтапак ва ташнагиро дафъ мекунад, барои сустии меъдаи гарммизоҷ, табҳои тафснок ва бар зидди ҳамаи иллатҳои аз гармӣ ба зуҳуроянда, дарди чашм ва дарди сари гарм дору мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ