Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ки сабабаш гиреҳҳои узвҳои дохилӣ бошанд, ши-фо мебахшад; бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, исҳол-ро манъ мекунад, дарди рӯдаҳоро сокин менамояд, беихтиёр рафтани пешобро ислоҳ мекунад.

Ин решаро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд, бачадони чаппагашта ва баргаштаро ба ҷояш меба-рад ва шифо мебахшад, бавосирро низ нест мекунад. Баъзе табибон ошомидани инро ба гурда зарар дорад, гуфтаанд. Агар зарар кунад, асал бихӯранд ё бо асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор хӯрдан аз он дар як рӯз то 2,25 грамм аст. Ба ҷои ин ба ҳамин вазн зардчӯбаро би-хӯранд, равост.

Момиронро кӯфта, бо асал ва сирко даромехта бимоланд, нохуни сафедшударо ислоҳ мекунад, доғҳои кунҷидак ва нуқтаҳои сафеди пӯст, кӯтур ва доғҳои дигари гуногуни пӯстро дафъ мегардонад.

  1. Турбуд

Ин решаи гиҳест берунаш моил ба сиёҳӣ, дару- наш сафед ва сабук, миёнхолии наймонанд, ду тарафи он шилмак дорад. Ин гиёҳ дар сарзамин ва кӯҳҳои Осиёи Миёна низ мерӯяд. Гиёҳаш поядор, барги он мо- нанди барги лӯбиё ва печаки калон аст, гирдҳои он борик, гулаш осмонгунӣ дар пояаш мебошад. Сама- раш монанди тухми дарахти забони гунҷишк (шунг). Агар даруни решаи он сиёҳ ё зард буда, низ ковок набошад, заҳр аст. Беҳтарини он даруни решааш са- феди ковок, шилмакдор, кирмнохӯрда, дар ғафсӣ ва борикии миёна, софчавҳари суфта, зудшикан ва осон кӯфташаванда, береша ё камреша, бо андак тезии таъм ва ба сатҳи забон нуфузкунандаи покиовар бо- шад. Агар ин гуна сифатҳоро надошта бошад, раддӣ аст, ки ба истеъмол намеравад.

Мизоҷаш дар аввали дараҷаи саввум гарм ва дар охири ҳамин дараҷа хушк аст. Вале муаллифи китоби «Шифо-ул-аском» мизоҷи инро дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк гуфтааст.

Хислатҳои шифобахши он: хусусияти исҳолкунандаи балғам ва рутубати рақиқ (суюқ) инчунин дафъкунандаи миқдори ками сафро аст; ахлоти (моддаҳои) сӯхтаро дафъ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ