Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба андозаи як дона гандум қофури холис, дар айни гармиаш сарпӯшашро бардошта, дар он андозанд ва аз нав сарпӯши онро бипӯшанд, то он ки гудохта гар-дад. Баъд аз оташ баргиранду то хунук шуданаш ха-моп тавр кушода монанд. Сонӣ баъд аз шустани мақъ-ад пас аз қазои ҳочат ҳар мартаба мавзеи бавосирро хушк намуда, ин равғанро нимгарм бимоланд, баво-сирро дафъ мекунад.
Пӯсти решаи беданчирро бо пӯсти мор, ҳардал як-ҷо дар камтар об биҷӯшонанду он таркибро бимо-ланд, барои иллати кузоз (столбняк), ба гирдак-гир-дак мӯйрехтаи сар ва риш, шукуфаҳои гуногуни пӯст ва доғи кунҷидак доруи бебадал мебошад.
- Момирон
Ин гиёҳ як намуди зардҷӯбаҳост. Поя ва шохҳои он аз замин баланд. Баргаш монандӣ баргҳои печаки калон, моил ба гирдак, сафеди зардтоб ва часпак ме-бошад. Решааш шоха-шоха аз як ҷо ба ҳар тараф кашида, кӯчактар ва бориктар аз решаи зардҷӯба, ги-рехдор ва қачтар аст, пашмакрешаҳои мӯйшакл до-рад, ки дар ҷойҳои намнок ва наздики обҳо мерӯяд. Тухмаш ба кунҷид шабоҳат дорад; беҳтарини он зард, борик, сахт ва гирехдори нави он мебошад. Қувваташ то бист сол боқӣ мемонад. Ин гиёҳро ба забони русӣ чистотел большой мемонанд. Аксар дар кӯҳистонҳо месабзад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Ҳислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумиаш: поккунанда, таҳлилдиҳандаи варам ва моддаҳои ға-лиз, инчунин решкунандаи пӯсти бадан аст, нохунро метарқонад.
Агар онро кӯфта, бо асал даромехта, ба даруни бинӣ бирезанд, майнаро аз олунишҳои зарарнок пок ме-гардонад.
Хушки онро кӯфта, чун сурма ба чашм кашанд, гу-ли чашм ва ноҳунаки онро дафъ мекунад, торикии чашмро барҳам медиҳад ва рӯшноии онро зиёда ме-гардонад.
Агар бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Решаашро кӯфта, бо шароб бихӯранд, зардпарвинеро,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо