Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар инро бо занҷабил, ки қувватбахши феъли он аст, бихӯранд, балғами часпак ва ғафсро меканаду ҳатто аз ҷойҳои дур ва чуқури бадан дафъ мекунад; майна, меъда ва бачадонро аз балғамҳои гуногун пок месозад ва гиреҳҳои дар он пайдошударо мекушояд; барои фолиҷ, бемориҳои асабӣ, сурфаи ҳодис ба иштироки рутубатҳои меъда ва ирқуннасо (радикулит) даво мешавад; инро бо равғани бодом ё бо тухми зағир бихӯранд, сурфаи кӯҳна ва дарди узвҳои даруни синаро дафъ мекунад; бо пӯсти ҳалилаи кобулӣ бихӯранд, барои молихулиё, девонагӣ ва саръ даво мешавад. Ба қавли, чун ҷирми хомашро кӯфта бихӯранд, балғамро назар ба сафро зиёдтар хориҷ менамояд. Вале агар онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, баръакс, сафроро зиёдтар аз балғам дафъ мекунад. Лекин сазовор ва лозим он аст, ки дар об ҷӯшонида ва ё кӯфта истеъмол кардани бошанд, бисёр ҷӯш надиҳанд ва маҳин накӯбанд, то он, ки ба пашмакҳои меъда ва рӯдаҳо начаспад. Агар инро ба маъҷун дохил кардан хоҳанд, бояд ки маҳин бикӯбанд.

Кӯфтаи онро бо занҷабил ва шакар истеъмол карданӣ шаванд, бояд ки бо оби гарм бихӯранд. Агар инро бо намак хӯрдани бошанд, ҳатман бояд бо оби хунук истеъмол шавад. Камтареро аз он бо занҷабил ва набот ба тариқи қаҳва пухта, бояд ки гарм-гарм ва андак-андак биёшоманд, барои сурфаи тар ва зиқуннафас даво мегардад.

Вале турбуд дар одамони гарммизоҷ ва дилашон гарм ба рӯдаҳо зарар мекунад, беҷо (беҳузур) шуданӣ дилро ба амал меоварад, ғамгин мекунад. Дар ин ҳолатҳо пӯсти сиёҳи онро тарошида дур намуда, бо равғани бодом ё равғани писта чарб карда бихӯранд, безарар мегардад. Инчунин бо катиро бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад. Аммо ба шарте, ки чарбаш мӯътадил бошад, равғани бисьёр небояд андозанд. Зеро ки аз хад зиёд чарб намоянд, ҳол ва феъли онро суст мегардонад. Сабаби тарошида дур кардани пӯсти сиёҳи он аз ҳамин иборат аст, ки ғамбуски алокузанги захрнок бо он пӯстлоҳ мебошад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз турбуд то 10,5 грамм аст ва агар дар об ҷӯшонида, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 17,5 грамм андозанд.

Ба ҷон турбуд ба ҳамин вазн пӯсти решаи тутро
истеъмол Фармоянд, раво мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ