Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Кайфият иборат аз маҷмӯи ҳайати қисмҳои дар ҷисм ҷойгирифта мебошад, ки тасаввури даръёфтани он берун аз он ҷисм вуҷуд надорад. Ин кайфият ба аҷзои дигар тақсим намешавад.
Акнун дар бораи кайфият ва дараҷаҳои мизоҷи давоҳо ва мартабаҳои онҳо сухан меронеҳ. Бояд ба назари эътибор гирифт, ки он чӣ аз даво ё ғизо ба даруни бадани инсони мӯътадилмизоҷ ворид гардад ё онро ҷавони тезҳуши боидрок бихӯраду ҳарорати табиии он ба чизи воридгашта таъсир намояд ва кайфияти қуввати онро ошкор карда, феъли онро маълум гардонад ва агар ин кайфияти ғизо ё давои аз берун воридшуда мувофиқи бадани он бошад, агарчи такрор ба такрор ва низ миқдорашро зиёд ҳам карда бихӯрад, ба мизоҷи аслии бадани вай таъсири он кайфияти ғолибро ба амал наоварад ва феъли мизоҷи онро кам ё зиёд нагардонад, онро кайфияти мӯътадил меноманд. Ва агар истеъмоли миқдори ками он чизи хӯрдашуда дар бадан як миқдор кайфиятеро ба амал оварад ва миқдори бисёр ва такрори истеъмоли он дар бадан дигаргунии камеро зоҳир намояд, хоҳ дар гармӣ, хоҳ дар сардӣ, хоҳ дар тарӣ ва хоҳ дар хушкӣ бошад, онро дараҷаи якуми ҳамон кайфият меноманд. Агар миқдори ками он даво ё ғизо баъд аз хӯрда шудан кайфияти зоид ва ғолиб пайдо намояд, инчунин он зиёд ва бисёр маротиба истеъмол карда шавад ҳам, таъсир ва кайфияти зоҳиркардааш дар бадан зарар накунад ва мизоҷро вайрон нагардонад, онро дараҷаи дуввум мегӯянд. Агар он дар бадан ворид шуда, мизоҷро ба сарҳадди зарар, вайронӣ, нуқсон ва халалноки расонад, вале кушанда набушад, онро дараҷаи саввум меноманд. Агар дар арвоҳ ва қувватҳо зарари азим расонаду ба сарҳадди ҳалокат барад ва кушанда бошад, онро дараҷаи чорум меноманд сарфи назар аз он, ки хоҳ бо гармӣ, хоҳ бо сардӣ, хоҳ бо тарӣ ва хоҳ бо хушкии худ бошад.
Муайян кардани дараҷаҳоро ин тавр ҳам баён намудаанд, ки агар таъсири даво ё ғизон воридшуда ба фазоҳои бадан монандӣ меъда, ба маҷроҳо монандӣ рагҳо ва ба ахлоти иҳотакардаи рагҳо, ба узвҳо ва рӯҳ, агарчи бисёр истеъмол карда шавад, таъсир набахшад, он даво ё ғизон дорои дараҷаи мӯътадил аст. Агар аз он таъсире ба он ахлот, узвҳо ва рӯҳҳо маълум гардад ва аз он кайфияти зиёда аз мӯътадил эҳдос шавад, он кайфияти дараҷаи якум аст. Агар фақат дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё