Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
рӯх ва ахлот таъсир намояд, он кайфияти дараҷаи дуввум дорад. Ва агар дар рӯҳҳо, ахлот ва рутубат таъсир намояд, онро дараҷаи саввум донистаанд. Вале агар таъсири он ба ҳама ҷиҳатҳо бошад ва ҳамаи қувватҳо, рӯҳҳо, ахлот ва узвҳоро фаро гирад, дараҷаи ҷорумро доро мебошад, ки ин баландтарини таъсирҳост.
Акнун ба гуфтаи боло илова намоем, ки ҳар як аз ин чор дараҷаро ба се маротиба тақсим намудаанд:
мартабаи аввал, мартабаи миёна ва мартабаи охир.
Мазмуни ин тақсимот чунин аст, ки кайфияти ғолиб агар ба нисбати миёна камтар маҳсус шавад, онро мартабаи аввали дараҷаи мизоҷ ҳисоб мекунанд, ки ин кайфият дар мартабаи миёна аз мартабаи аввал зиёдтар маҳсус мегардад ва дар мартабаи охир аз ҳама зиёда ҳис карда мешавад.
Мо дар боло гуфтем, ки мизоҷи давоҳо ба чор дараҷа муайян шудааст ва дараҷаи ҷоруми мизоҷ дар меъёри захрнокӣ мебошад ва он даворо захрнок мешуморанд. Агар азият ва захрнокии он чиз дар мартабаи аввали дараҷаи ҷоруми мизоҷ бошад, таъсири бади онро ислоҳ метавон кард, вале дар охири дараҷаи ҷорум бошад, ислоҳпазир нест. Бояд таъкид кунем, ки ин тақсимоти мартабаҳо ва дараҷаҳо чандон аслӣ намебошад ва куллӣ нест, балки аксарӣ аст. Ин тақсимот ва таъсири мартабаҳо назар ба кайфият хулосаи инфиродӣ мебошад, на тадқиқӣ.
Огоҳӣ. Бояд донист, дар назди ҳакимон муқаррар шудааст, ки аз ҷиҳати мизоҷ ҷисм гарми тар бошад, гармиИ мизоҷи он аз дараҷаи якум боло намешавад.
Зеро гармиаш аз ин афзун гардад, рутубати (тарӣ) онро барҳам медиҳад. Пас ҳеҷ вақт давои гарммизоҷ дар дараҷаи дуввум ва саввум тар намешавад дар аксар, вале гарму хушк буданаш дар ин дараҷа мумкин аст ва ин аз рӯи мантиқ мебошад ва ҳар чиз, ки дар дараҷаи саввум ва ҷорум гарм бошад, албатта, он дар ҳамон дараҷа хушкмизоҷ низ аст.
Таъсири заҳрнокӣ аксар бо сурати навъияи худ мебошад, ки онро хосият меноманд.
Аксари давоҳои подзаҳрияи қавӣ гарммизоҷ ва
хушкмизоҷ ё сард ва хушкмизоҷ мебошанд, низ ҳамчунинанд заҳрҳои ҷонварони заҳрнок. Зеро ки таъсири
ҳар як аз давоҳои подзаҳрия ва заҳрҳо бо гармӣ ва
сарди бошанд ё бо хушкии бисёр ва пурзӯр мебошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё