Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дигаре мутафоила. Масалан, оташ — гарм ва хушк аст, ҳаво — гарм ва тар, об — сард ва тар, хок — сард ва хушк. Ҳар яке аз инҳо бо якдигар ҳамнисбат бо они дар болобудаи худ ва ҳамнисбат бо они дар поёнии худ истода муносабат ва монандӣ доранд. Масалан, ҳаво бо оташ ба эътибори кайфияти гармии худ бо ҳам муносабат ва монандӣ дорад, вале ба эътибори тарии ҳаво ва хушкии оташ ба ҳам зид мебошанд. Ҳаво бо об бо воситаи кайфияти тарии худ муносабат дорад, вале ба эътибори гармӣ зиддиятро молик аст, чунки об кайфияти хунук дорад ва ҳамчунинанд аркони дигар. Ана ҳамин сабаби дигаргуншавӣ ва бо якдигар омезиши онҳо буда, таъсир ва таъсирнокиашонро ба зуҳур меоварад.
Бояд донист, ки ҳамаи мизоҷҳо дар асоси хулосаи тадқиқот ба нӯҳ қисмат меёбанд: яке аз онҳо мӯътадил ва ҳашти онҳо ғайримӯътадил. Мизоҷи мӯътадил — ин ғайриҳақиқӣ, яъне дар ҳақиқат вуҷуд надорад, балки фарзии тиббӣ мебошад, ки шартан қабул шудааст. Бо воситаи ин дигар мизоҷҳо санҷида ва муайян карда мешаванд. Бинобар зоҳир шудани кайфияти чоргона нисбат ба андозаи мизоҷи мӯътадил чор навъ мизоҷи содда мавҷуд аст: 1. Агар дар ҳар як кайфият нисбат ба мизоҷи мӯътадил гармӣ бисёр бошад, пас он гармтар аст, инро мизоҷи гарм меноманд. 2. Агар нисбатан ба мӯътадил сардӣ бисёр бошад, он сардтар буда, мизоҷи хунук аст. 3. Агар нисбат ба мизоҷи мӯътадил тарӣ зиёд бошад, он мизоҷи тар аст. 4. Вале агар назар ба мизоҷи мӯътадил хушкнаш зиёда бошад, бинобар хушктар буданаш онро мизоҷи хушк меноманд. Инчунин аз ду кайфият ҳам мизоҷ ҳосил мешавад. 5. Дар як мизоҷ гармӣ ва хушкӣ зиёда бошад, пас он гармтар ва хушктар аст нисбат ба мизоҷи мӯътадил, ин ҳар ду кайфиятҳоро мизоҷи гарму хушк меноманд. 6. Ҳамин тариқ агар дар мизоҷ гармӣ ва тарӣ ғолиб бошанд, он мизоҷ гармтар ва тартар аст, ки инро мизоҷи гарму тар мегӯянд. 7. Агар дар мизоҷ сардӣ ва тарӣ ғолиб бошанд, бинобар сардтар ва тартар буданаш он мизоҷро сарду тар мегӯянд. 8. Агар дар мизоҷ сардӣ ва хушкӣ бисёр бошанд, азбаски он мизоҷ нисбат ба мӯътадил сардтар ва хушктар аст, онро мизоҷи сарду хушк мехонанд.
Мо дар боло ҳашт мизоҷи ғайримӯътадилро зикр кардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё