Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ба чанг мегираду хомӯш мегардонад, дар ин вақт ранги башара ва ҷойҳои дигари бадан зард ва рафта-рафта кабуду сиёҳ тофта, ҳарорати бадан ба сардӣ табдил меёбад.

Муаллифи китоби «Ихвон-ус-сафо» (яъне «Дӯстони поктинат») навиштааст, ки заҳрҳо ду навъанд: гарммизоҷ ва сардмизоҷ. Таъсири заҳрҳои гарммизоҷ дар бадан бо воситаи гудохта нобуд кардани рутубатҳо мебошад. Давидани онҳо монанди давидани заъфарон дар об аст, ки дар як лаҳза тамоми онро рангин мегардонад ва дигаргун месозад. Аммо заҳрҳои сардмизоҷ бо воситаи шах кардан ва баста гардонидани хун, рутубатҳо ва рӯҳҳои нозуки аъзо, ки устувории ҳаёт ба онҳо вобаста аст, дар бадан таъсир менамоянд. Ҳаракати онҳо монанди панирмоя ва мояи ҷурғот аст, ки дар шир мезананд ва онро дар андак замон баста ва ғафс мегардонад. Аммо феъл ва таъсири давоҳои мусбӣ ва тарйёкҳо баръакси он мебошад, яъне модда, арвоҳ, қувват ва рутубатҳои бадан дар ҳоли табоҳ бошанд, қисм бар қисм пойдории онҳоро барқарор мегардонад, инчунин бемориҳоро низ аз ҳар ҷои бадан дафъ мекунанд.

ФАСЛИ ЧОРУМ.

ДАР БАЁНИ МИЗОҶ, ҚИСМҲОИ ОН
ВА ШИНОХТАНИ ДАРАҶАҲОИ ОН

Маънои калимаи «мизоҷ» омезишёфта мебошад. Он, яъне мизоҷ кайфиятест, ки бо воситаи бо ҳам омезиш ёфтани кайфиятҳои унсурҳои чоргона (оташ, об, хок, бод), ки кайфиятҳои соддаи ба ҳам зид мебошанд, ҳосил мешавад. Чараёни ин ҳосилшавӣ чунин аст, ки қисмҳои он унсурҳои чоргона реза-реза гашта, ба ҳам омезиш меёбанд ба он тариқ, ки сурати ҳар як воҳид сурат ва тезии дигареро мешиканаду баъд сурати ваҳдонӣ (ягона) пайдо мешавад, ки акнун инҳо аз ҳам ҷудо намегарданд. Кайфиятҳо низ чор навъанд: ҳарорат (гармӣ), бурудат (сардӣ), рутубат (тарӣ), юбусат (хушкӣ). Ду кайфият аз он, ки ҳарорат ва бурудат — фоил, яъне таъсиркунандаанд, вале рутубат ва юбусат бошанд, мунфаил, яъне таъсирро қабулкунандаанд.

Ҳар як аз аркон ду кайфият дорад: яке фосила ва

пешина
аз 702
навбатӣ