Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

нигоҳ доштааст, дар вақти тамоми харҷ шудани он ан-лак-андак дар бадан сарф менамояд. Таъсири подзаҳр ва таръёкҳо ҳам дар сурат ҳамин тариқ аст.

Аммо таръёки аз морҳои афъӣ тайёр кардашуда хислатҳои дигар ҳам дорад. Он чӣ дар он гӯштҳои морҳои афъӣ ҳаст, шояд ба ғайр аз он хислати номбаршуда хосияти дигар низ дошта бошад, ки он гӯшти мори афъӣ заҳрҳоро ба худ мекашад. Бинобар ҳамин ҳакимон таъкид намудаанд, ки ҳангоми гирифтани мори афъӣ ва дар вақти буридани сару думи он бояд, ки азият ба он нарасад, захмин ва логар нашавад. Онро дар давраи баркамол будани қувваташ ба ғазаб оваранд, то он ки тамоми заҳри баданаш ба сар ва думи он ояд. Ана ҳамон лаҳза ҳар чӣ зудтар сару думи онро якҷо оварда, бо як зарби табар ё дигар олат қатъ намоянд, яъне бибурранд, ки сару думи он дафъатан ҷудо гарданд ва заҳр мутлақан дар баданаш боқӣ намонад. Инак, гӯшти он кашандаи заҳрҳо ба худ мегардад монандӣ он, ки агар давоҳоро об ҷӯшонанд, ҳангоми ҷӯш хӯрдан қисми шифобахши худро ба об медиҳанд ва агар дар гармиҳо он обро аз он давои дар он ҷӯшонидашуда ҷудо карда нагиранд ва ҷирми он дар об монаду он об хунук шавад, он ҷирм қисми даворо аз нав аз об ба худ мекашад. Низ барои зиёд гаштани таъсир, қувватбахшӣ ва мадад ба амалҳои номбурда ҳамаи таръёкҳо (хусусан таръёки морҳои афъӣ)-ро дар хамр (шароб) меандозанд, то он ки бо суръати тамоми ба ҷойҳои дур ва чуқурии бадан нуфуз намуда ва фурӯ рафта, заҳрро ба худ бикашад ва аз бадан дафъ гардонад. Ҳамин тариқ баъди онро тановул кардан аввал бадан гарм мегардад ва баъди он арақи часпаки бадбӯ дафъ мешавад. Дар аксари ҳолат аз ин пешоб ва саргин ҳам ҳамон тавр бадбӯ мегарданд. Бинобар ҳамин бе ҳоҷат истеъмол кардани ҳамагӣ подзаҳр, таръёкҳо ва давоҳои дигари пурзӯрро манъ намудаанд, зеро зарар меоварад. Аммо агар ба онҳо ҳоҷат афтад, истеъмоли онҳоро аз меъёри муайян зиёд нагардонанд.

Пинчунин таъсири заҳр бо воситаи асари дар боло зикрёфта бо зиддият ва болодастии худ ба табиат ва пурра фарогир гаштани бадан, вайрон ва нобуд кар-дани ҳарорати ғаризия (модарзодӣ), қувватҳо, рӯҳҳо ва рутубатҳо мебошад. Заҳр, ки маҷроҳои бадан ва фазоҳои онро қабз мекунад ва ҳамаи воситаҳои ҳаётиро

пешина
аз 702
навбатӣ