Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
шудан тайёр месозад; қуввати пушти камарро меафзояд, ҳайзро равон мекунад, шушро қувват мебахшад.
Ин тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал биёшоманд, исҳол меоварад, моддаҳои нодаркори дар узвҳои даруни сина бандшударо дафъ мекунад, сурфаро сокин месозад, дамкӯтаҳиро шифо мебахшад, душвории нафасро ислоҳ мекунад, бавосир ва варамҳои ботиниро дафъ менамояд, бодҳоро мешиканад, балғами часпакро аз даруни сина хориҷ месозад, рӯдаҳоро пок мегардонад.
Тухмашро дар об ҷӯш дода, он обро соф намуда,
бо асал қивом карда, бо оби сунбул биёшоманд, барои зиқ-ун-нафас дору мешавад, овозро мекушояд,
решҳои узвҳои даруни сина ва дарди кӯҳнаи ин аъзоро ба ибро меоварад.
Тухми ҳулбаро давомнок бихӯранд, дарунро меронад ва ахлоти бадфиъулро дафъ мекунад.
Тухмашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, зоиданро осон мекунад, пешоб ва ҳайзро равон мегардонад. Агар инро кӯфта, бо орди гандум, шакар ва асал сиришта бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад ва ҳоли бади гурдаро ислоҳ менамояд. Инро дар об ҷӯш дода, он обро бо 17,5 грамм рӯян бихӯранд, бӯи саргинро хуш ва дарунро мулоим мекунад, сустии узвҳоро ба ислоҳ меоварад, устухонҳои шикастаро ба ҳамдигар мечаспонад, ҳайзро равон месозад, вале бӯи арақи бадан ва пешобро нохуш мекунад.
Агар инро кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахти зоҳирӣ ва дохилиро таҳлил медиҳад; захмҳои тар ва хушки ширинчаро шифо мебахшад; сабӯсаки сар, доғҳои кунҷидак, сӯхтагии оташ, аз сардии кафидани пӯсти бадан, качини нохун, варами сипурз ва бачадонро ба ибро меоварад, намегузорад, ки мӯи сар бирезад ва доғҳои пӯсти баданро дафъ мекунад.
Тухми ҳулбаро чун орд маҳин кӯфта, бо танакори сурх даромехта гузошта банданд, сипурзро ба дараҷае таҳлил медиҳад, ки ёфтани он амри муҳол мегардад — ин хуб аст, ки аломати покии сипурз мебошад; орди онро бо анҷир хамир карда гузошта банданд, пучак ва чиртакро мекафонад; инро бо орди ҷав, равғани гулисурх ва сирко хамир карда гузошта банданд, варамҳои гармро мегардонад ва агар бо асал хамир карда гузошта банданд, варамҳои хунукро таҳлил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё