Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Ҳангоми об гирифтани ғӯрааш, яъне дар вақти ба расидан қариб ояд, обашро гирифта, аз он се миқдор ва асали соф як миқдор — ҳар дуро якҷо карда, сечор рӯз дар офтоб мегузоранд, то ба ҷӯш ояд. Баъд соф карда, дар кӯза ё шиша ба офтоб мегузоранд, то бирасад.
Ошомидани ин шароб исҳолро мебандад, меъдаро қавӣ мегардонад, рутубати бисёри бачадонро хушк мекунад, барои бадҳазмӣ фоида мебахшад, сустӣ ва поён фуромадани меъдаро ба ибро меоварад; кулинҷро, ки аз сахт гаштани дарун ба амал омада бошад, мекушояд, ваборо дафъ мекунад.
Агар ин шароб яксола шавад, беҳтар ва қавитар
мегардад.
- Ҳулба
Ин растании бӯстонӣ аст, қадаш вобаста ба шароити замин то 65 сантиметр мехезад. Баргаш чун барги юнучка, вале каме дарозтар аз он. Тухмаш сурхи моил ба зардӣ, чоргӯшан паҳн, аз наск майдатар ва чун тухми турб дар ғилоф мебошад. Баъди хушк шудан бӯи латиф ва форами атрӣ аз он шамида мешавад. Баргҳояш ҳам баъди хушк шудан муаттар мегарданд. Таъмаш моил ба талхӣ. Онро зироат мекунанд ва номи тоҷикиаш шанбалила аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: баргашро бихӯранд, моддаҳои бегонаро дар дохили бадан мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад; дарунро мулоим мекунад, моддаҳои шахшуда ва варамҳои дохилиро таҳлил медиҳад, пешоб ва ҳайзро равон менамояд, барои бемориҳои аз хунукӣ сарзада ва чакмезак даво мешавад; суулкиньяро, ки сустӣ ва заифии ҷигар аст, ба ибро меоварад, истискоро шифо мебахшад; сурфаеро, ки сабабаш сардӣ бошад, таскин медиҳад; варами сипурз, дардҳои камар, ҷигар ва бачадонро дафъ мекунад, сардии ҳичак ва чакмезакро ба ислоҳ меоварад.
Барги онро кӯфта гузошта банданд, мӯйро мустаҳкам мекунад.
Тухмашро кӯфта бихӯранд, дарунро мулоим ме
гардонад; моддаҳои зарарнокро пазонда, ба хориҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё