Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Оби ғӯраи ангурро ҷӯшонида ғафс карда бихӯранд, ташнагиро мешиканад, тафс ва ҳарорати меъдаро сокин мекунад; барои қатъ кардани исҳоли сафравӣ, сарангехтани иштиҳо, аз афтодан нигоҳ доштани бача дар шиками модар, қавӣ гардонидани узвҳои даруни сина ва даруни шикам, манъ кардани беҳузуршавии дил аз ҷамъ шудани сафро дар меъда дору мешавад.
Оби ғӯраи ангурро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи ғӯра меноманд, хӯрдани усораи он ашаддитарин дарди гулӯ, варамҳои ҳалқ, ҷӯшиши (пухтани) даҳан; хуни бинӣ ва хун қай карданро шифо мебахшад. Агар инро бо оби гандано бихӯранд, донаи бақосирро хушк мекунад ва баъд аз ин ин беморӣ сиҳат меёбад.
Усораи ғӯраи ангурро занҳо аз таг бардоранд, бачадонро пок ва ҳоли бади онро ислоҳ мекунад. Ва инро бо сирко хамир карда биёшоманд, ҳамаи носурҳоро, ки захм ва реши беҳнашаванда мебошанд, ба ибро меоварад.
Оби ғӯраи ангурро дар гӯш чаконанд, даруни гӯшро аз чирк ва рим пок мегардонад.
Бо оби ғӯраи ангур ғарғара кунанд, варами ҳалқро таҳлил медиҳад.
Усораи инро соида, чун сурма ба чашм кашанд, сӯравии чашмро нест мекунад, дуруштии пилкҳои чашм ва захми хӯрандаи онро шифо медиҳад.
Агар бо усораи ғӯраи ангур ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро барҳам медиҳад ва инро занҳо дар андомашон бирезанд, рутубати зиёдравандан бачадонро кам месозад.
Хӯрдани оби холиси ғӯраи ангур қуввати нигоҳдорандагии меъдаро меафзояд.
Чун тӯтнёро бо оби ғӯраи ангур парварда кунанд, яъне дар он об як шабонарӯз тар карда, баъд хушк намуда истеъмол намоянд, хислатҳои онро афзун ва қавӣ мегардонад.
Вале нӯшидани оби ғӯраи ангур ба узвҳои даруни сина зарар дорад, сурфаро пайдо мекунад. Дар ин ҳолат гулканд бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи зарар кунанд.
Миқдори як бор хӯрдан аз усораи он 4,5 грамм аст. Агар оби ғӯраи ангур ёфт нашавад, ба ҷои ин истеъмол кардани оби себи турш раво мебошад.
Аз оби ғӯраи ангур шароб ҳам тайёр мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё