Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
истеъмол кардани бошанд, 7 грамм ошомидан кифоя аст.
Ба ҷои тухми ин дарахт барои афзунии боҳ ба вазни он ҷавзи бавворо бихӯранд, ҷоиз аст, инчунин тухми тӯдарии сурхро ҳам бо ҳамон вазн ё бо мағзи чормағз бихӯранд, равост.
Баргашро кӯфта, гузошта банданд, захмҳоро аз чирку рим пок мегардонад, дар онҳо гӯшти солим мерӯёнаду сиҳат мебахшад.
Пӯсти дарахташро кӯфта гузошта банданд, барои кӯфтагиҳо ва лат хӯрдани узвҳо даво мешавад.
- Ангургӯра
Ин самари хоми ангур, яъне норасидаи сабзи турши он аст аз ҳар навъи ангур, ки бошад.
Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дуввум сард ва дар дуввум хушк аст. Агар оби онро дар офтоб ғафс гардонанд, мизоҷаш сардтар ва хушктар мегардад то дараҷаи саввум.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани он ҳарорати хун ва сафроро хомӯш мекунад, шиддати ҷӯшиши сафроро мегардонад, балғами дар меъда пайдошударо пора-пора месозад, дарунро мебандад; намегузорад, ки моддаҳои бегона ба меъда рехта шаванд; бадан ва ҷигарро қувват медиҳад, ташнагиро мешиканад, сустии аъзоро барҳам медиҳад.
Ғӯраи ангурро хушк карда кӯфта, гузошта банданд, арақи баданро хушбӯй мегардонад, шахшӯлии пӯстро ислоҳ мекунад ва баъд намегузорад, ки ҳамон сол арақи нохуш аз бадан берун ояд; ҷӯшишҳои баданро, ки дар тибби ҳозира аллергия меноманд, дафъ месозад, барои хориш ва сустии бадан фоида дорад.
Вале хӯрдани ин меъдаи сардмизоҷро суст мекунад, ба қуввати пушти камар (боҳ) футур мерасонад, дар шикам бод пайдо менамояд, рӯдаҳоро ба дард меоварад ва дар одамоне, ки меъдаашон балғами шахшӯл дошта бошад, ташнагӣ пайдо мекунад. Барои дафъ кардани зарарҳои номбаршудааш гулканд ва анҷир бихӯранд, ислоҳ мекунад.
Агар мавсими ғӯраи ангур набушад, ба ҷои он ревоҷ (чукрӣ) ва туршак (щавель) истеъмол фармоянд, равост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё