Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Хуллас, аз истеъмоли қисмҳои канаф дар хӯрдан ва чун тамоку кашидан ҳеҷ некӣ намеояд, балки боиси разолат ва вайронии мизоҷи бадану ахлоқи инсон мегардад, инчунин боиси дарозии умри инсон гаштани он дар таърихи башар қайд наёфтааст ва алҳол ҳам маълум нест.
- Шунғбед
Ин дарахтро бинобар монанд будани тухмаш забони гунҷишк ҳам меноманд, ба русӣ ясень согднийский мегӯянд. Инчунин дар тоҷикӣ содда карда, инро «шунг» ҳам мехонанд, ки дарахташ дар ҳама ҷойҳои Осиёи Миёна, хусусан дар ҷойҳои салқинтар бештар мерӯяд.
Баргаш монандӣ барги бодом, самараш дар хӯшачаҳо — аз ҳам ҷудо-ҷудо, ки тухмаш дар ғилоф ба андозаи забони гунҷишк нӯгтези паҳн ва дарозак аст. Рӯи тухмаш тира, дарунаш ба зарди сафедӣ мезанад. Таъмаш моил ба тезиву талхӣ. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, вале ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи якум тар аст. Ба ҳар ҳол рутубат ва тарӣ дорад.
Хислатҳои шифобахши он: тухмаш дафъкунандаи бодҳои дарун, вале баргаш қабзиятовар аст.
Агар тухмашро бихӯранд, дарди паҳлу ва тиҳигоҳро таскин медиҳад; дилтапак (дилбозӣ), зиқ-ун-нафас ва сурфаи кӯҳнаро, ки ҳама аз сардӣ бошанд, дафъ мекунад; дарди рӯдаҳо, дарди камар, дарди бачадон ва беихтиёр рафтани пешобро шифо мебахшад; санги гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, узвҳои таносулро қувват мебахшад, қуввати боҳро ба ҳаракат меоварад ва зиёда мегардонад.
Тухми онро кӯфта, бо асал ва заъфарон хамир сохта, занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз аз таг бардоранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад.
Вале хӯрдани тухмаш ба одамони гарммизоҷ дарди сар меоварад. Агар ин тавр зарар кунад, кашниз бихӯранд ё инро бо кашниз якҷо биёшоманд, безиён мегардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он батанҳои дар як рӯз то 10,5 грамм аст ва агар бо ёридиҳандааш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё