Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Агар кӯфтан тухми ин растаниро бо об хамир карда бимоланд, ранги рӯйро тару тоза мегардонад.

Инро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро дар чашм чаконанд, обравиӣ, шилпукӣ ва нуқтаҳои хунини сурхи чашмро дафъ мегардонад ва боқимондани варами чашмро таҳлил медиҳад.

Ҳулбаро дар об ҷӯшонида, занҳо дар вақти наздик омадани таваллуд кардан дар он об то ноф даромада нишинанд, зоиданон осон мекунад, ҳамроҳаки (ёраки) тифлро зуд меафтонад, бачадонро пок менамояд.

Тухми ҳулбаро кӯфта, бо равғани ғоз сиришта, занҳо аз таг бардоранд, сахтинии бачадонро, ки дар тибби ҳозира ноболигии бачадон меноманд, шифо мебахшад ва даҳани онро кушода, барои ҳомила шудан тайёр мегардонад.

Гиёҳи ҳулбаро дар об ҷӯш дода, бо он об сарро бишӯянд, мӯйро сара мегардонад, решҳои тар ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.

Ҳулбаро ба дарун аз ҳад зиёд истеъмол намоянд, дарди сар медиҳад, дилро беҷо (беҳузур) мекунад, ба хояҳо низ зарар мерасонад. Дар ин мавридҳо сиканҷабини турш истеъмол кардан даркор аст, ки ислоҳи зарар бахшад ё анори майхуш (туршу ширин) бимаканд.

Бояд огоҳ кунем, ки одамони гарммизоҷ ҳулбаро ба дарун фақат ҳамроҳи косии бояд истифода баранд. Ва агар баргашро дар об ҷӯшонида он обро истеъмол кардани бошанд, ҳатман бояд бо барги исфаноҳ ё бо барги ҷилмангӯштак (семизут) бихӯранд.

Аз тухми ҳулба равған кашидан ҳам мумкин аст. Хоҳ онро махин кӯфта, дар об биҷӯшонанд ва равған ба рӯи об барояд ва ё аз кӯфтани он бо воситаи фишурдан равғани онро биситонанд.

Мизоҷи равғани ҳулба гарм аст ва таъми тунд дорад.

Истеъмоли ин варам ва моддаҳои ғафсро дар даруни бадан таҳлил медиҳад, сахтиҳоро дар узвҳо мулоим мегардонад, дубайла (кӯръяра)-ро мепазонад; барои банд кардани исҳол ва дафъ намудани сабӯсаки сар, ки аз мурдор шудани хун ба зуҳур пайваста бошад, дору мешавад. Ва инро бимоланд, захмҳои рухсораро пок мегардонад. Ин равғанро бо муми занбӯри асал даромехта бимоланд, кафидани пӯстро сихат

пешина
аз 702
навбатӣ