Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ин назар ба арзан беҳтар аст, низ некуст барои даво истеъмол намоянд.

Мизоҷаш дар охири дараҷаи якум хунук ва дар дуввум хушк, хушкнаш аз арзан камтар аст.

Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо камқувват, вале хушккунандаи рутубатҳои бадан аст, дарунро мебандад, пешобро меронад, аз меъда дер мефурояд. Агар мукашшари инро бо шири навдӯшида ва бо равғани тоза пухта бихӯранд, ғизои солим мешавад; узвҳои даруни синаро мулоим мегардонад, манӣ пайдо мекунад. Вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо ва дар гурда санг пайдо менамояд. Агар аз боло он асал ё шакар бихӯранд ё бо яке аз ин ҳар ду истеъмол намоянд, ду зарари мазкураш ислоҳ мегарданд.

  1. Ҳанзал

Ин самари гиёҳест ба андозаи тарбузчае ба миқдори норанҷи миёнаҳаҷм, кулӯла низ, бағоят талх аст. Навъҳои нар ва мода дорад: навъи нараш сахттар ва майдатар; модааш калонтар, нармтар ва беҳтар аст. Дар тиб аксар шаҳми (гӯшти) модааш ба кор меравад. Намудаш аз берун зард ва дарунаш ҳам моил ба зардӣ, ковокдор. Гиёҳаш самари бисёр мебандад, беҷӯрадор, баргаш монанди барги тарбуз, вале аз он реза мешавад. Тухмаш сиёҳ ва даруни он зард аст, вале агар сабз бошад, бекора мебошад. Агар дар як буттааш як адад самар бандад, он самар заҳри котил аст.

Ин растаниро ба тоҷикӣ тарбузи абуҷаҳл меноманд ва ба русӣ колоквинт мегӯянд. Дар сарзаминҳои Осиёи Миёна низ вомехӯрад, яъне мекоранд.

Қуввати самари ин растанӣ модоме, ки дар пӯсташ бошад, то чор сол барқарор меистад ва агар аз пӯсташ ҷудо кунанд, қуввати он то ду сол боқӣ мемонад. Одатан барои даво даруни онро, ки шаҳмаш мебошад, бароварда истеъмол мекунанд. Бояд таъкид намоем, ки ҳанӯз аз норасидаш шаҳмашро берун кунанд, зуд вайрон мешавад.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум гарм (дар саввум низ гарм гуфтаанд) ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахшии он: агар инро ба дарун истеъмол кунанд, ҳамаи навъҳои балғамро канда дафъ

пешина
аз 702
навбатӣ