Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

рехта гарданд, нигоҳ медорад; хислати бидучӣ дард хушккунандагӣ дорад, вале хуни солим аз ин дар бадан камтар пайдо мешавад, аммо агар бо равған истеъмол намоянд, агарчи дерҳазм аст, чун ҳазм ёбад, баданро қавӣ мегардонад ва ғизояташ бештар мегардад. Агар сӯкро муҳарро пухта бихӯранд, печишҳоро дар роҳҳои нафас мекушояд ва тарқишҳои он роҳҳоро ба ҳам меоварад; дар бемориҳои назла даво мешавад. Агар аз орди он нон пухта бихӯранд, исҳоли сафровиро мебандад, пешобро меронад, бачаро аз шиками занони ҳомила меафтонад.

Маҳсулоти сӯкиро аз ҳад бисёр бихӯранд, дар бадан хилти савдоро зиёд мегардонад, дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Агар инро бо равғанҳо, шакар ва ҳалвоҳо бихӯранд, хислатҳои бади мазкураш ислоҳ меёбанд.

Касеро хунаш бисёр, яъне фишори хунаш баланд бошад ва рутубатҳои мурдор дар баданаш афзуда бошад, инро бихӯрад, меъёри ҳамаи он чизҳоро ба эътидол меоварад. Сӯкро бо шири навдӯшида пухта, бо равғанҳо бихӯранд, ҳамаи он ҳолати нохушро ба эътидол меоварад.

Арзанро бо намак якҷо соида, дар латта баста, бар болои он нишинанд, мақъали (кӯтани) баромадаро ба ҷои аслимаш мегардонад ва ахлоти дар рӯдаҳо бандшударо равон месозад.

Сӯкро бо равғанҳо ё бо сабӯсаш пухта бихӯранду ба ҳаммом раванд ва он ҷо бар бадани худ равғанҳоро бимоланд, боди меъда ва тиҳигоҳро таҳлил ва дарди рӯдаҳо ва бавосирро таскин медиҳад.

Ба ҷои ин сиёҳдонаро ҳамчун давоҳои гузоштабандӣ истеъмол фармоянд, равост.

Агар баъд аз ба сӯк гардонидани арзан як сол гузашта бошад, истеъмолаш ҷоиз нест.

  1. Кӯнок

Ин растании зироатист ва донҳои он дар сараш,
ки ғӯлашакл ва бо ғафсии калтаки чӯпонон, дарознаш
то 20 сантиметр аст. Майсааш гӯё ба қилҳои кӯтоҳак
мемонад, ранги хӯшаи сараш сурхи ҷигарӣ, пӯсти донҳояш ҳам бо чунин ранг аст. Андозаи донҳояш аз арзан майдатар, ялаққосӣ ва сахт мебошад. Ҳамчун ғӣзо

пешина
аз 702
навбатӣ