Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Агар онро дар сирко пухта бихӯранд, аъзои баданро фарбеҳ мекунад, ранги рӯйро соф мегардонад.
Тухмашро кӯфта, бо об хамир карда, аз рӯ гузошта банданд, саратони дохилиро таҳлил медиҳад ва барад (жировик)-ро нест мекунад, варамҳои сахтро мегардонад.
Агар инро махин соида, бо асал даромехта, ба чашм бикашанд, захми онро шифо мебахшад ва чашмро аз риму чирк пок месозад. Кӯфтаи онро бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, ахлоти часпаки узвҳои даруни сина ва шушро пароканда менамояд.
Инро дар об ҷӯшонида, он обро бо шароб даромехта бинӯшанд, захрҳои гуногуни дар бадан дохилгаштаро дафъ мекунад.
Тухми онро як шабонарӯз дар об тар карда, баъд дар ҳамон об ҷӯшонида, сони полида соф карда, дар халтача баста, дар магзи хамир гирифта, дар зери оташ пухта бихӯранд, ахлоти ғафси часпаки дар даруни сина ва шуш бударо ба воситаи қай ва дар намуди балғам дафъ мекунад; варамҳои сахти пушти гӯш, пистон ва хояҳоро таҳлил медиҳад, азияти давоҳои қотилро дафъ месозад.
Миқдори як бор хӯрдан барои дафъ кардани захр аз бадан аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Дар дигар ҳолат миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз 7 то 10,5 грамм аст.
Гиёҳи ин растаниро бихӯранд, дарунро мебандад ва варамҳои дохилиро мегардонад.
- Арзан
Ин растании зироатӣ мебошад ва дар байни халқҳои мо васеъ паҳн гаштааст. Сараш иборат аз хӯшаи тиғи пурдон аст. Ранги донҳояш зарди сафедтоб мебошад. Инро ба забони русӣ просо ва донҳои муқамшарашро пшено мегӯянд, ки ба тоҷикӣ сӯк мебошад. Дар тиб ҳамин донҳои он истеъмол мегардад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум хунук ва дар охири дуввум хушк аст. Ба қавли баъзе табибони номдор дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин ҳамчун ғизо сабуктар аз кӯнок аст, моддаҳои рехташавандаро аз ҳаракат нигоҳ медорад, яъне аз он, ки онҳо ба узвҳои бадан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё