Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро ба некӣ мебандад, меъда ва иштиҳоро қувват медиҳад, моддаҳои савдо ва сафроро бо исхол дафъ мекунад, бухори рутубатҳоро қатъ месозад, барои дафъ кардани дарди сар ва бавосир дору мешавад. Агар инро то бӯяш баромадан битафсонанд ва баъд кӯфта бихӯранд, исхоли кӯҳнаро мебандад.

Инро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, обравии чашмро нест мегардонад.

Вале хӯрдани ин дарунро шах мекунад. Дар ин маврид асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз балила 10,5 грамм аст. Ба ҷои ин сеяки миқдораш омулан кӯфтаро ё баробари он гули ҳиноро бихӯранд, равост ва ё шашяки он халилаи сиёҳро хӯрдан мумкин аст.

Агар ҳар рӯз 1,5 ё 2 грамм аз балила бо ҳамвазни он шакар бо оби гарм бинӯшанд, қуввати чашмро зиёда мекунад ва обравии даҳанро қатъ месозад.

  1. Тӯдарӣ

Ин тухми гиёҳест баргаш дароз, бепоя, шохҳои он сурхи сахт ва бо андак хоре; самараш дар ғилофе, ки борику нозук аст. Тухмаш аз тухми наск кӯчактар, андак паҳн. Муаллифони «Махзан-ул-адвия» ва «Муҳити аъзам» қайд кардаанд, ки ин се навъ аст: сурх, зард ва сафед. Вале соҳиби «Ихтиёроти бадеъ» шаҳодат медиҳад, ки ин чор навъ аст: зард, сафед, сурх, гулгун. Тухми сафеди он аз қисмҳои сурх ва зарди он андак калонтар ва паҳнтар аст.

Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум тар аст.

Хислатҳои шифобахши он: хосиятҳои ҳамаи қисмҳояш ҳам қариб ба якдигар наздиканд. Агар бихӯранд, иштиҳо меоварад, қуввати боҳро афзун мегардонад, олоти мардиро ба ҳаракат меоварад, баданро дарбеҳ мекунад; агар дар узвҳои дохили сина ва шикам сардӣ афзуда бошад, ба ислоҳ медиҳад; ранги рӯйро сурх мегардонад, пӯсти баданро пок менамояд, моддаҳои савдовиро аз бадан дафъ мекунад, овозро мекушояд; сурфаеро, ки сабабаш зиёд шудани хун дар роҳи нафас бошад, шифо мебахшад, инчунин сурфаи хушкро дафъ месозад.

пешина
аз 702
навбатӣ