Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мекунад, ахлоти балғамиро аз чуқуриҳои бадан кашида берун меоварад. Инро бихӯранд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ ба амаломадаи вобаста ба сарро шифо мебахшад, аз ҷумла: дарди сар, дарди нимсар, фолиҷ, қач шудани рӯй, саръ (припадка), фаромӯшхотирӣ ва фуромадани назлаҳои кӯҳнаро ба чашм маън мекунад.

Шаҳми ҳанзалро дар равғани зайтун ҷӯшонида, он равғанро дар бинӣ кашанд, гиреҳҳои мағзи сарро мекушояд, ва агар ин равғанро нимгарм бичаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.

Самари ҳанзалро ба дандон бимоланд, канданаш осон мегардад.

Оби самари тару тозаи онро дар бинӣ кашанд, зардии чашмро нест мекунад.

Барги хушкашро кӯфта, 7 грамми онро бо нишоиста ва шилми бодомҳо бихӯранд, исҳоли савдовиро мебандад. Агар бо зарпечак, арпабодиён ва нӯричи файқаро бихӯранд, иллати молихулиё, саръ, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш, махав ва дигар бемориҳои савдовиро шифо мебахшад.

Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро таскин медиҳад.

Чун даруни самари онро холӣ карда, дар он сирко бирезанд баъд ҷӯшонида, онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро дафъ мекунад ва милкҳои онро мустаҳкам месозад.

Аз самари ҳанзал равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Ду миқдор оби тозаи онро дар зарфе карда, аз болояш як миқдор равғани кунҷиди нав ё равғани зайтун рехта, бо оташи мулоим то обаш бухор шуда рафтан меҷӯшонанд. Вақте ки ҷӯшишаш басанда гашт — ин аломати тамоман бухор шуда рафтани об аст, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад. Ин равғанро бихӯранд, барои бемориҳо ва дардҳои аз сардӣ рӯйдода ва ҷӯзишҳои дар пӯсти сар пайдошуда даво мебошад. Инро нимгарм дар гӯш чаконанд, чаранг ва садоҳои гуногуни даруни гӯшро дафъ мекунад, кирми гӯшро мекушад ва агар инро ба дандон бимоланд, дарди онро таскин медиҳад.

Тарбузи абӯҷаҳлро сӯхта, хокистарашро чун сурма ба чашм кашанд, чашми кабуд ва гӯсфандиро сиёҳ мекунад.

Самари онро батанҳои бихӯранд, барои иллатҳои

пешина
аз 702
навбатӣ