Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Бо пешоби гарм мақъадро (махраҷҳоро) бишӯянд, варами онро таҳлил медиҳад. Агар бо он ҳукна (клизма) кунанд, дарди рӯдаҳоро дафъ мекунад.
Пешбро дар пӯсти анор гарм карда, дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад.
Пешбро ба чашм бимоланд, обравии муттасил, дард ва ториқии чашмро дафъ мекунад. Агар дар натиҷаи захм пайдо шудан ба чашм гул афтода бошад, пешобро дар зарфи мис бо асал ҷӯшонида, ба чашм бимоланд, онро пок мекунад.
Хокистари токро бо пешоб хамир карда, гузошта банданд, хунравиро аз ҳар як узве, ки бошад, қатъ мекунад.
Пешоби тифли ноболиғро биёшоманд, барои душвории нафасгирӣ, нафаси роста (ростнафас) даво мешавад. (Ростнафас — чунон аст, ки бемораш хоб карда нафас гирифта наметавонад, фақат нишаста сар боло дошта ё дар ҳолати хестагӣ метавонад нафас бикашад).
Қафки пешобро ба озахҳо бимоланд, онҳоро хушк карда мерезонад.
Хислатҳои дигари пешоби инсон дар боби «Инсон»
зикр ёфт.
Пешоби модагов бағоят поккунанда аст, онро бимоланд захм ва решҳои кӯдаконро шифо мебахшад ва бо он бишӯянд, захмҳои беҳнашавандаро ба ибро меоварад. Пешоби барзаговро аз рӯ бимоланд, дарди меъдаро, ки аз сардӣ бошад, шифо мебахшад, бавосирро дафъ мекунад. Ва агар инро бо сирко даромехта бимоланд ё даҳанро бо он чайқонанд, дарди дандонро сокин мекунад. Агар кӯфтаи ҳардалро (горчицаро) миқдоре дар пешоби барзагов андохта, баъд бо он бишӯянд, қарахтии узвҳоро дафъ мекунад.
Пешоби хукро ба чашм бимоланд, гули чашмро пок мекунад. Ва агар биёшоманд, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Пешоби шутурро биёшоманд, варами ҷигарро таҳлил медиҳад ва гиреҳи онро мекушояд ва истискоро (водянқаро) дафъ мекунад, сахтии сипурзро ба ислоҳ меоварад, боҳро қавӣ мегардонад, бемориҳои сарди узвҳои дохилиро шифо мебахшад. Агар дар гӯш чаконанд, захм ва ҷароҳати онро беҳ месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё