Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Шутур

Ин ҳайвон зирактар аз ҳайвоноти дигар аст. Агар ба ӯ ранҷ расад, дастрас бошад, барги балут ва чун онро мор газад, харчанг ёфта мехӯраду худро табобат мекунад — ин албатта дар он ҷоҳое воқеъ мешавад, ки ин чизҳо мавҷуд бошанд.

Беҳтарини шутур яксораи фарбеҳи он аст.

Мизочаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар аввали дараҷаи саввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он боҳро қувват медиҳад ва узвҳои баданро мустаҳкам мекунад, олати мардиро башиддат ба ҳаракат меоварад; барои таби дурӯздармиёнгиранда, иркуннасо (радикулит), дарди сурини кӯҳна, зардпарвини сиёҳ ва сӯзиши пешоб (сӯзок) дору мешавад.

Гӯшташро сӯхта, бо сирко ё бо шароб сиришта, ба шукуфаҳои пӯст бимоланд, шифо мебахшад.

Ҳангоми кушта шудани шутур шушашро гармогарм бимоланд, доғи кунҷидакро нест мекунад.

Ҷигарашро ба чашм бикашанд, зардоби ба гавҳарак фуромадаро, ки чашмро нобино мегардонад, дафъ месозад ва чашмро қавӣ мегардонад.

Равғанашро бимоланд, барои бавосир фоида мекунад. Агар инро дар ҳар ҷое, ки нигоҳ доранд, мор аз он ҷо мегурезад.

Агар шушашро бардавом бихӯранд, кӯр мекунад.

Мағзи устухони соқашро ба пашм олонда, баъди пок шудан аз ҳайз занҳо се рӯз пай дар ҳам аз таг бардоранд, барои ҳомила шудан кӯмак медиҳад.

Саргини хушкашро дар об тар карда, он обро дар бинӣ резанд ё он саргини таршударо дар бинӣ пур кунанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар он саргинро бо давоҳои муносиб якҷо карда бихӯранд, ба иллати саръ (припадка) шифо мебахшад. Агар саргини нави онро гузошта банданд, барои ханозер (ҳукгардан) ва обилаву донаҳои бар бадан даманда дору мешавад. Ва агар инро бимоланд, озахҳоро хушк карда мерезонад.

Кӯҳонашро бихӯранд, бачадонро аз чизҳои зарарнок пок месозад, хуни бавосирро қатъ мекунад ва ҷоҳои кафидан пӯстро ба ҳам меоварад.

Ширдони бачаашро, ки ҳанӯз алаф нахӯрда бо- шад, бихӯранд, борҳо бағоят қавӣ мегардонад, олати

пешина
аз 702
навбатӣ