Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

илоҷи дафъ карданаш он аст, ки либосро ба симоб олуда бипӯшанд ё симоб бар бадан бимоланд, ё симобро бо ҳино якҷо карда бимоланд, ҳамон дам шапушҳо дафъ мегарданд.

Яке аз хосиятҳои шапуш он аст, ки ҳангоми наздик шудани марги инсон аз он мегурезад.

Чун шапуши бисёро ҷамъ карда, аз он елим созанд, аз ҳамаи елимҳои дигар қавитар ва часпандатар мегардад.

  1. Пешоб

Мурод аз ин пешоби инсон дар назар дошта мешавад.

Мизоҷаш гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: умуман ҳар як пешоби ҳайвонотро ҷӯшонида ғафс гардонида, гузошта банданд ё бимоланд, реш ва захмҳои бадфиол (злокачественные язвы) ва носурҳоро хушк мегардонад ва сиҳат мебахшад. (Носур — захми беҳнашаванда).

Бо пешоби инсон бардавом бишӯянд, реш ва захмҳои чуқур, шукуфаҳои пӯст, захмҳои обдор, решҳои даванда, кӯтур, хориш, сабӯсаки сар, обила, решҳои сар ва доначаҳои пуроби сар — ҳамаашро шифо мебахшад ва инчунин намегузорад, ки решҳои бадфиол зиёда гарданд. Пешоби инсонро бо танакори сурх сиришта, баъд бо он бишӯянд ё онро бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад, доғи песро аз пӯст пок мекунад ва иллати пӯстпартоиро ба ибро меоварад.

Агар пешоби худ ё тифлро биёшоманд, зарари ҳавои мурдорро дафъ мекунад ва газидани ҷонварони захрнок ва ё захр хӯрда бошанд, безарар мегардонад. Агар мор газида бошад, ҳар рӯз ду каф аз пешоби худ ё пешоби тифлро бардавом бинӯшанд, таъсири захри онро батамом мешиканад.

Ҳар пагоҳ ба дили наҳор ду каф-ду каф пешоби худро биёшоманд, сипурзро то ба ҳадде пок мегардонад, ки ҳатто ёфтани он душвор мегардад. Ё ки ҳар рӯз ҳамин миқдор пешоби худро бо ним вазни он оби барги бодиринг бинӯшанд, сипурзро пок мегардонад; агар тавонанд пеш аз нӯшидан қадаре роҳ рафта, хаста гашта, баъд бинӯшанд, дар ин бобат беҳтар аст.

пешина
аз 702
навбатӣ