Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
фишурда берун накарда бошанд, бихӯранд, хоб меоварад, барои табҳои диқ (логаркунанда), сил, тафси меъда даво мешавад, хушкӣ ва шахшӯлии пӯсти баданро ба ислоҳ меоварад, васвосро дафъ месозад; барои бемориҳои сафрорӣ ва тафсидани хун нафъ дорад. Вале ин ба одамони сардмизоҷ зарар дорад, бемориҳои сард ва тарро ба зуҳур меоварад ва дар гурдаву ҳичак санг пайдо мекунад.
- Шапуш
Ин ҷонвар дар бадани инсон ва ғайри инсон пайдо мегардад. Ду навъ аст: Якеашро, ки сиёҳ ва ба ранги мӯй аст, пойҳои бисёр дорад, дар бехи мӯйҳои ҷоҳои гуногуни бадан ними баданашро фурӯ бурда, зиндагӣ ба сар мебарад. Модаи ин навъаш дар ҳаҷм зиёда аз нари он аст. Ин қисмашро ба арабӣ қамком меноманду. Навъи дуввумаш дар ҷоҳои дигари бадани инсон ба ҳам мерасад, ки инро ба арабӣ қамл ва ба тоҷикӣ шапуш меноманд. Дар тиб ҳамин навъаш, ки дар бадани инсон пайдо мешавад ва шаш дасту пой дорад, ба кор меравад. Ин аксар аз моддаҳои мурдори нодаркори бадан ба амал меояд, хоҳ он моддаҳо чирки раддӣ бошад, ё дигар моддаҳои касофати дар бадан ҷамъшаванда ба зуҳур мепайвандад.
Агар шапуш дар бадан бисёр гардад, бадан лоғар мегардад, вале аз покӣ ин кам мешавад.
Хислатҳои шифобахши он: чун шаш адад шапуши зиндаро дар сӯрохи боқило гузошта, ҳар дуро якҷо фурӯ баранд, таби дурӯздармиёнро дафъ мекунад. Чун як адади онро дар сӯрохи закар гузоранд, пешоби бандшударо мекушояд. Чун зани ҳомила онро дар дасти худ бидорад ва бар он шир бидӯшад, агар баъд аз он шапуш роҳ гардад ва ҳаракат кунад, он зан ҳомила ба писар аст ва илло — ба духтар ҳосила мебошад.
Шапуши зиндаро қапида партоянд, иллати фаромӯшхотириро ба амал меоварад, балки бояд онро бикушанду баъд партоянд.
Агар шапушро бо оби зира бар бадани тифлони нав зодашуда бимоланд, дар тамоми умри онҳо дар бадани онон шапуш пайдо намегардад.
Агар дар бадан шапуши бисёр пайдо шуда бошад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё