Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
нуктаҳои сурхаки хунини дар чашм афтода ва дарди чашмро дафъ мекунад.
Чун панирро дар об ҷӯш диҳанд ва он обро зани бачамакон бинӯшад, шираш зиёда мегардад; агар касони дигар бинӯшанд, намегузорад, ки реш ва захмҳои рӯдаҳо варам кунанд.
Панир ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, иштиҳои онҳоро мебандад; агар баъд аз хӯрдан ҳазм наёбад, боиси пайдо шудани гиреҳ, кулинҷ (колит), иловус (варам ва дарди рӯдаҳои борик) ва торикии чашм мегардад. Дар ин ҳолат асал, наъноъ ва кокутӣ бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
Мизоҷи панири намакин (брынза) ва кӯҳнаи он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Агар ин навъашро бихӯранд, балғамро пароканда месозад, иштиҳо ва рӯдаҳоро қувват мебахшад, рутубатҳои нодаркори баданро хушк месозад. Агар инро бо асал хамир сохта гузошта банданд, пучакҳоро мекафонад ва милкаки нохунро шифо мебахшад. Агар бо равғани зайтун даромехта гузошта банданд, буғумҳои шахшударо ислоҳ мекунад, решҳои раддии бадфиолро шифо мебахшад. Агар бо оби борон сиришта пай дар ҳам гузошта банданд, аз мағзи буғумҳо чизи гаҷмонандро кашида берун мекунад бе ҳеҷ гуна дард. Агар бо навшодир кӯфта гузошта банданд, доғҳои кунҷидакро дур месозад, кӯтури пӯстро шифо мебахшад. Агар бо пудинаи кӯҳӣ (кийикӯтӣ) кӯфта гузошта банданд, захрҳои ҷонварони нешдорро аз бадан дафъ менамояд.
Вале хӯрдани ин гуна панир дар бадан моддаҳои сафровиро пайдо мекунад, ташнагӣ меоварад, хориши пӯст ва кӯтурро ба амал меоварад. Бо вуҷуди гармин мизоҷаш ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, зеро ки муқовимати бадани онҳо нисбатан суст аст; низ ба онон, ки узвҳои дохилиашон гиреҳ доранд, зиёнкор аст; баданро лоғар мегардонад, дар гурда, хичак (пешобдон) ва дигар узвҳо санг пайдо менамояд. Барои он ки ин қабил зарарҳояш зоҳир нагарданд, бо мағзи чормағз бихӯранд ё баъд аз он ин мағзро бихӯранд, кифоя аст, ки безарар гардад.
Агар панир бисёр кӯҳна шуда бошаду бихӯранд, баданро заҳролуд месозад.
Агар ин ба одамони гарммизоҷ зарар кунад, меваҳои обдор ва туршиҳо истеъмол намудан лозим аст.
Панири ғайри чакидаро, яъне паниреро, ки обашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё