Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

дар бинӣ каҷонанд, хуни биниро манъ мекунад; ва агар онро бар пешонӣ гузошта банданд ё сӯхтани онро бо сирко хамир карда, ба пешонӣ бимоланд, низ ҳамин асар дорад. Инчунин саргини говро сӯхта, онро бо воситаи найча дар бинӣ пуф кунанд, хуни биниро қатъ мегардонад. Онро дар равғани бодоми талх ва шароб хуб ҳал карда, дар гӯш ҷаконанд, барои дарди сахт ва луққосании он бисёр фоида мебахшад.

Саргини тари говро гармогарм гузошта банданд, варамеро, ки аз буридани корд ва теғи дигар тасаммум (заражение) ёфта бошад, шифо мебахшад, агар аз он хун равон бувад, қатъ месозад ва ҷароҳатро сиҳат менамояд. Агар ин саргинро заноне, ки бачадонашон берун омада бошад, низ гузошта банданд, бачадонро ба ҷои аслиаш мебарад; ба буғумҳо ва иркуннасо (радикулит) гузошта банданд, дарди онҳоро таскин медиҳад. Ва агар инро бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, барои ҷӯшишҳои пӯсти бадан ва бо сирко хамир созанд, барои варами гарм даво мебошад. Ва агар ба узве тир даромада, дар ҳамон ҷо монда бошад, гузошта банданд, берун меоварад; ба ханозер (хукгардан) ва варамҳои сахт гузошта банданд, онҳоро таҳлил медиҳад; ба занбӯргазида бибанданд, дардафро таскин медиҳад ва намегузорад, ки варам оварад; ба зону бибанданд, варамашро мегардонад; ба озахҳо гузошта банданд, онҳоро хушк карда мерезонад; агар инро бо асал сиришта гузошта банданд, варамҳои сардро дафъ мекунад; бо гули бобуна ва гӯгирд даромехта гузошта банданд, истиско (водянка)-ро дору мешавад; бо заъфарон хамир сохта гузошта банданд, пучак, чиртак ва ҳамчунин решҳоро мекафонад; бо орди боқило хамир карда бибанданд, варами пистонро таҳлил медиҳад; бо оби пиёзи ансул — шукуфаҳои пӯст, решҳои сар ва гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва ришро шифо мебахшад.

Саргини ҳар як навъи говро занони ҳомила ба зери ноф гузошта банданд, бачаи онҳоро, ки мурда бошад, аз шикам меафтонад ва агар як муддат гузошта банданд, бачаи зиндаро ҳам дар шикам мекушад; ба зери ноф ва тиҳигоҳ (холияки паҳлу) гузошта банданд, иллати кулинҷро, ки дард ва варами рӯдаҳои ғафс аст, ба ибро меоварад, бигузор он агарчӣ аз ҷамъ шудани бод содир шуда бошад ҳам — дафъ мекунад; ба мақъад бигузоранд, дард ва варами онро

пешина
аз 702
навбатӣ