Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шифо мебахшад; бо равған хамир сохта гузошта банданд, никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, дору мешавад.

Саргини хушки говро сӯхта, занҳои ҳомила дудашро ба миёни поҳои худ бигиранд, зоиданро осон мекунад.

  1. Муми занбӯри асал

Ин ҷирми хонаи занбӯри асал аст, ки асалро дар он ҷамъ мекунад. Он се навъ аст: 1. Он аст, ки занбӯри асал асалро дар он ҷамъ мекунад. Ранги ин мум моил ба сурхию зардӣ, мулоим, чарб ва хушбӯ мебошад, инчунин аз нави он бӯи асал меояд. 2. Он аст, ки пардаҳои даҳани хонаи худро аз он месозад ва дар он асал намебошад. Ин дар хубию бадӣ миёнаҳол аст. 3. Он аст, ки бо номи таслит машҳур мебошад — он чизи сиёҳранг аст, ки бар кур (хонаи занбӯр)-и худ мемолад. Ин дар давогӣ бадтар аз дигарҳояш мебошад. Инро ба русӣ прополус меноманд.

Мизоҷи муми занбӯри асал қариб дар дараҷаи дуввум гарм ва дар тарӣ мӯътадил аст. Қувваташ то сӣ сол боқӣ мемонад.

Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он таҳлилдиҳандаи варамҳо ва моддаҳои ғафс дар бадан; пазонандаи моддаҳои нодаркор ва тайёркунанда барои хориҷ шудан аз бадан ва мулоимкунандаи асабҳост; ислоҳкунанда ва нигоҳдорандаи хислати давоҳо дар марҳамҳо мебошад.

Ду грамми онро ба андозаи донаи гандум реза-реза карда, дар равғани кунҷид ҳал намуда бинӯшанд, ваҳмҳои ботинӣ (аз ҷумла захми меъда ва шуш), харошида шудани рӯдаҳо ва исҳоли кӯҳнаро шифо мебахшад, инчунин заҳрҳоро аз бадан дафъ мекунад; дарди даруни узвҳои сина, сурфа ва силро даво мебошад, шири дар ҳар ҷои бадан шахшударо таҳлил медиҳад ва дафъ месозад; дарди гулӯ ва забонҷаи ҳалқро ба ибро меоварад, овозро соф мекунад.

Агар ин мумро сӯхта, дудашро бигиранд, беморони табро арақ меоварад, бӯи мурдори ҳавои вабонро дафъ мекунад, бадбӯии биниро нест мегардонад, азияти бӯи мурдор ва қабристониро ислоҳ мекунад.

Агар инро дар равғани гулисурх ё дар равғани

пешина
аз 702
навбатӣ