Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

абрешими хом заифтар аст, вале барои реш, обравӣ, шиллукӣ ва кӯтури чашм фоиданоктар мебошад назар ба хоми он.

Миқдори як бор хӯрдан аз абрешими хом дар як рӯз аз 3,5 грамм то 10,5 грамм аст. Кам ё зиёд хӯрдан аз ин ба пасту баланд будани ҳолати беморӣ ва ҳоли бадан вобаста мебошад.

Либосҳои бофтаи абрешимӣ ва ҳарир дар мизоҷ гарм ва латиф аст. Агар либоси шоҳирро бипӯшанд, баданро мулоим, нарм ва фарбеҳ мегардонад, ба пӯшандааш сурур мебахшад, вале пӯсти баданро нафис мекунад. Ва барои он, ки пӯсти баданро тунук нагардонад, ба тори бофташ ё пудаш ресмони пахтагинро ба кор бурдан даркор аст.

Дар бобати ин либос ҳаким Муҳаммад бинни Закариё гуфтааст: «Либоси абрешим гармтар аз либоси зағирпоягӣ аст, боиси салобати башара аст, вале хислати либоси зағирпоягӣ баръакси ин мебошад». Матоъи абрешим омехташуда дар мизоҷ гарм ва форам аст ва пӯшидани он барои пирон хуб аст, ба онҳо фоида дорад. Инчунин одамони сардмизоҷ ва занонро дар ҳавоҳои сард пӯшидан бисёр мувофиқ аст, хунро гарм мегардонад. Аммо барои он ки хунро гарм насозад, дар бофташ ба абрешим риштаҳои пахтагин дохил кардан даркор аст.

Яке аз хосиятҳои либоси абрешим он аст, ки намегузорад дар бадан шапуш пайдо шавад.

  1. Саргини гов

Барои табобат ҳам хушкаш ва ҳам тарашро истифода мекунанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: инро гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад; хислати ба худ кашандагӣ ва манъкунандагӣ дорад, хуни рафтаистодаро, агар ҷонварони заҳрнок газида бошанд, дардашро таскин медиҳад; агар ба ҷое аз бадан хор ё тир даромада бошад, кашида берун меоварад; барои шукуфаҳои пӯст, гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш даво мешавад.

Саргини нави гӯсолаи модаро фишурда, обашро

пешина
аз 702
навбатӣ