Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

мекунад ва ба даҳани мор туф кунанд, фавран он мемирад, хусусан соҳиби туф каси сафровимизоч бошад.

Саргини гунҷишкро бо оби даҳани инсон хамир карда, ба озахҳо, шукуфаҳои пӯст гузошта банданд, онҳоро дафъ мекунад. Агар оби даҳанро танҳо бимоланд, аз ягон ҷои пӯсти бадан хун равон бошад, онро манъ мекунад ва даҳани ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад. Бо асал даромехта бимоланд, доғҳои кунҷидак ва доғҳои решу захмҳоро аз пӯсти бадан пок мекунад. Чун гандумро ҳангоми дили наҳор будан хоида, ба варам гузоранд, варамро таҳлил медиҳад ва агар ба пучакҳо бигузоранд, онҳоро мепазонад.

Чирки беҳи дандонро ҳангоми дили наҳор будан ҷамъ карда, ба шукуфаҳои пӯсти кӯдакон бимоланд, онҳоро хушк ва нест мекунад; ба доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯст бимоланд, онҳоро пок месозад.

Заҳраи (талҳани) инсонро бихӯранд, баданро фарбех менамояд.

Хуни дар ҳиҷомат ва фасд (хунгирӣ) гирифтаи инсонро ба никрис (подагра), буғумҳо ва иркуннасо (радикулит) бимоланд, дарди онҳоро таскин медиҳад. Агар хуни инсонро бихӯранд, ҳатман аҳмак мекунад. Хуни ҳайзро бимоланд, дардҳои шадиди узвҳоро таскин медиҳад, даҳани носур (захми бедаво)-ро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад; ва агар инро бихӯранд, заҳри қотил мебошад. Латтаро, ки ба хуни ҳайз тар карда шуда бошад, занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ месозад. Латтаи ҳайзро сӯхта, дудашро бигиранд, табларзаро, яъне варақаро шифо мебахшад.

Пешоби он, хусусан пешоби кӯдаконро ё аз они худро бинӯшанд, сурфаи кӯҳнаро дафъ мекунад, душвории нафаскаширо ислоҳ мегардонад; иллатҳои сипурз, истиско (водянка), зардпарвин, банд шудани пешоб, кӯтури тар, хориши бедаво ва шукуфаи пӯстро дору мешавад. Агар онро бо оби нахӯд ё бо асал биёшоманд, зардпарвинро дафъ мекунад. Агар онро бичаконанд, барои дарди чашм даво мешавад; хусусан ки дар зарфи мис бо асал бисёр ҷӯш дода бошанд, гули чашмро дафъ мекунад. Инчунин пешобро дар зарфи мис ҷӯшонида, намаки онро гирифта, ос карда, ба чашм бипошанд, гули ба он афтодаро ба зудӣ нест мегардонад, инро ба доғи кунҷидак низ бимоланд, онро дафъ мекунад.

Саргини тифли майдаро ба реҷи чамра (карбункул),

пешина
аз 702
навбатӣ