Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ки мӯҳлик аст, бимоланд, онро сиҳат мебахшад; ба ҷароҳатҳо бимоланд, даҳани онҳоро ба ҳам меоварад, низ бадбӯии узвҳоро дур мегардонад. Агар онро сӯхта ба милки дандонҳо бимоланд, бӯи бади онро ислоҳ мегардонад.

Агар доғи сафеди пӯст ва доғи пес дар натиҷаи тарс ба зуҳур пайваста бошад, ду рӯз саргини тифлро пай дар ҳам молида, дар офтоб нишинанд, бешубҳа аз ин иллатҳо наҷот меёбанд. Ба сокҳои по бимоланд, реш ва захмҳои он мавзеъро ба ибро меоварад.

Мӯи сӯхтаи инсонро бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ, гирифтагии овоз, истиско ва заҳрҳои кушанда даво мешавад; санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад ва инчунин намегузорад, ки мӯи сафед шавад. Агар ин сӯхтаи мӯи инсонро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро мебарад. Мӯи сӯхтаи инсонро чун гард ос карда, дар равғани гулисурх ҳал намуда, дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад. Ос кардаи онро ба решҳои хӯранда, ҷароҳатҳо, захмҳои шадид ва даванда бипошанд, онҳоро шифо мебахшад. Хокистарашро бипошанд, ҷӯзишҳоро нест мекунад; инро бо шир хамир карда гузошта банданд, варамҳои давандаро аз ҳаракат бозмедорад ва таҳлил медиҳад.

Хӯрдани равғани инсон бохро қувват мебахшад. Мании инсонро бимоланд, доғи пес ва доғи сафеди пӯстро пок мекунад.

Ҳар кас ҳамроҳаки тифлро, ки ҳангоми таваллуд кардани зан фуромаданаш бихӯрад, ҳатман ба иллати махав гирифтор мегардад.

  1. Ғоз

Ин аз ҷинси мурғобӣ, вале калонтар аз он аст, ки ба ҳама маълум мебошад. Ин аҳлӣ ва ваҳшӣ дорад. Аҳлиаш парвоз намекунад, вале ваҳшии он парвоз мекунад.

Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм аст.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дар ғизорият дерҳазм, вале чун ҳазм ёбад, баданро фарбеҳ мегардонад ва боҳро ба ҳаракат меоварад. Хубтар мешавад агар онро бо хӯришҳои гарммизоҷи таомҳо, монанди: зира, занҷабил, мурч ва ғайра бипазанд. Агар ҳазмаш вазнинӣ оварад, дар он ҳолат оби анор биёпоманд,

пешина
аз 702
навбатӣ