Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Гӯшти онро дар равғани зайтун то муҳарро шудан ҷӯшонида, баъд он равғанро бимоланд, доғҳои пӯст, кальяра (качалӣ) ва хоришро дафъ мекунад; ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Он равғанро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад. Ин равғанро бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва шукуфаҳои пӯстро шифо мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад.
Агар равғани эчкиэмарро боқувват ба закар бимоланд, онро калон мекунад.
Хокистараро бимоланд, узвро беҳис мегардонад.
Гӯшти эчкиэмар барои одамони хунукмизоҷ ва гармизоҷ форам ва мувофиқ аст, вале ба одамони гармизоҷ ва хушкмизоҷ зарар дорад, хусусан, ки бидуни ислоҳкунандаи зарари он бихӯранд.
Табиб Исҳок гуфтааст: «Ба сар зарар мекунад, давои ин асал хӯрдан аст».
Миқдори як бор хӯрдан аз гӯшти он дар як рӯз аз 4,5 то 13,5 грамм аст.
Гӯшти эчкиэмарро синну сол, обу ҳавои маҳал ва мизоҷро ба ҳисоб гирифта истеъмол намоянд, хубтар мебошад.
- Пӯпишак
Ин мурғи зебо, парҳояш дуранг бо хат ва нуқтаҳои зард ва сиёҳи бисёр, дар сар тоҷ аз пар дорад. Инро ба тоҷикӣ шонасарак, муллобудбутак ва ғайра ҳам меноманд. Ба арабӣ худҳуд ва ба русӣ удод аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: заҳра ё хуни онро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Гӯшти онро бо шибит дар об муҳарро пухта бихӯранд, гиреҳҳои баданро мекушояд, печиши рӯдаҳо ва кулинҷ (колиҷ)-ро дафъ мекунад; хуни дар гурда, хичак ва дар даруни дил шахшударо таҳлил медиҳад.
Чун онро хушк карда, маҳин соида, бо шароби мусаллас биёшоманд, боҳро қувват мебахшад.
Заҳра ё хуни онро гузашта банданд, ширинчаи сар ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. Заҳраи онро дар ҷои торик то се рӯз гузошта банданд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад.
Шонасаракро кушта, дарҳол дилашро гармогарм фурӯ баранд, қуввати ҳофизара зӯҳда мегардонад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё